Дар бозии аввали Ҷоми КФО-2019 “Истиқлол” дастаи “Хуҷанд”-ро мағлуб кард

Дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2019 байни дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе) ва “Хуҷанд” (ш.Хуҷанд) дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби калони 3 бар 0 дастаи “Хуҷанд”-ро мағлуб кард. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ бо ҳузури беш аз 12 ҳазор нафар мухлистон доир гардида, тӯбҳоро дар қисми дуюми вохӯрӣ […]

Asia-Plus

Дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2019 байни дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе) ва “Хуҷанд” (ш.Хуҷанд) дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби калони 3 бар 0 дастаи “Хуҷанд”-ро мағлуб кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ бо ҳузури беш аз 12 ҳазор нафар мухлистон доир гардида, тӯбҳоро дар қисми дуюми вохӯрӣ легионери “Истиқлол”, ҳамлагари мунтахаби футболи Арманистон Руслан Корян (2 тӯб) ва аз зарбаи 11-метра Алишер Ҷалилов ба ҳадаф расониданд.

Вохӯрии дигар дар гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2019 байни чемпиони футболи Қирғизистон – “Дордой” ва “Олтин Асир”-и Туркманистон мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, пас аз даври аввал “Истиқлол” бо се имтиёз дар гурӯҳи «D» пешсаф буда, “Дордой” ва “Олтин Асир” 1-холӣ доранд.

Бозиҳои давраи дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «D» баъди ду ҳафта, 17 апрел баргузор шуда, “Истиқлол” дар Ашқобод бо “Олтин Асир” ва “Хуҷанд” дар майдони худ бо “Дордой” бозӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.