Мактаби олии деринтизор дар Хоруғ чӣ ҳол дорад?

Аз замоне, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти нахустин кампуси Донишгоҳи Осиёи Маркази дар Хоруғ ҳусни оғоз бахшид, аллакай ним сол сипарӣ мешавад, лекин кам касон аз фаъолияти имрӯзаи ин шаҳраки хурди донишҷӯён огаҳӣ доранд. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ягона муассисаи олии таълимӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар он дар сатҳи байнулмилалӣ дар ду […]

Саодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Аз замоне, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти нахустин кампуси Донишгоҳи Осиёи Маркази дар Хоруғ ҳусни оғоз бахшид, аллакай ним сол сипарӣ мешавад, лекин кам касон аз фаъолияти имрӯзаи ин шаҳраки хурди донишҷӯён огаҳӣ доранд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ягона муассисаи олии таълимӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар он дар сатҳи байнулмилалӣ дар ду самт – иқтисод ва илмҳои табиӣ таҳсил ба роҳ монда шудааст. Барномаи самти аввал дар ҳамдастӣ бо Мактаби олии иқтисодии Русия ва Мактаби иқтисодии Стокголм дар Рига ва Барномаи илмҳои табиӣ ҳамроҳ бо Донишгоҳи Колумбияи Британияӣ (Канада) таҳия шудааст.

Дар соли нахусти фаъолият 109 нафар донишҷӯён ба таҳсил дар донишгоҳ фаро гирифта шудаанд, ки 36 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ аз Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Эрон ва Сурия мебошанд.

Мо он ҷо ба меҳмонӣ рафта, бароятон гузориши видеоӣ омода кардем.

 

https://www.youtube.com/watch?v=RHp66vzgNhw

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди он ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар чанд рӯзи гузашта Эронро ба ҳамла таҳдид мекунад, баръакси ин дар хусуси шартҳои ду ҷониб...

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.