Нархи барқи тоҷикистониён аз ҳама болотар дар Осиёи Марказӣ ва ҳатто Аврупо

Сокинони Тоҷикистон қариб панҷяки даромадҳои моҳонаи худро ба пардохти пули барқ харҷ мекунанд. Дар мавсими гармидиҳӣ хонаводаҳои камбизоати деҳот қариб 25%-и даромади моҳонаи худро барои истифодаи нерӯи барқ масраф месозанд, қайд мешавад дар Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ (“Барқи тоҷик” – эзоҳи “Азия-Плюс”). Хонаводаҳои шаҳри Душанбе бошанд, барои истифодаи нерӯи барқ дар мавсими зимистон то […]

Сокинони Тоҷикистон қариб панҷяки даромадҳои моҳонаи худро ба пардохти пули барқ харҷ мекунанд.

Дар мавсими гармидиҳӣ хонаводаҳои камбизоати деҳот қариб 25%-и даромади моҳонаи худро барои истифодаи нерӯи барқ масраф месозанд, қайд мешавад дар Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ (“Барқи тоҷик” – эзоҳи “Азия-Плюс”).

Хонаводаҳои шаҳри Душанбе бошанд, барои истифодаи нерӯи барқ дар мавсими зимистон то 15%-и даромади худро медиҳанд.

Дар Барнома таъкид мешавад, ки дар мавсими тобистон хароҷот барои истифодаи нерӯи барқ мутаноисбан 14 ва 10%-ро ташкил медиҳад, ки “нишондиҳандаи аз ҳама баландтарин дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад”.

Ширкати энергетикии Тоҷикистон вақти ҳар дафъа болоравии нархи истифодаи барқ изҳор мекунад, ки дар ҷумҳурӣ тарифҳои аз ҳама пасттарин дар паҳнои ИДМ ба нерӯи барқ амал мекунанд.

Ҳанӯз соли 2012 Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки “бо мақсади ҳавасмандсозии истифодаи оқилонаи барқ” тадриҷан тарифҳо ба нерӯи барқро боло бурда, барои истеъмолгарони маишӣ арзиши онро то ба 3,5 сент расонад: имрӯз аҳолӣ барои 1 киловатт аллакай беш аз 2 сент пул пардохт мекунад.

Камбизоатонро ошкор ва дастгирӣ мекунанд

Дар ҳамин ҳол, дар ҷумҳурӣ таҳияи механизми кумаки иҷтимоии таъинотӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он ошкор кардани хонаводаҳои камбизоат, ки ба пардохти пули барқ имкон надоранд, пешбинӣ шудааст.

Пас аз муайян кардан, чунин хонаводаҳо ба сифати гирандагони кумаки иҷтимоии дахлдор барои қисман рӯйпӯш кардани хароҷоти пули барқ ба қайд гирифта мешаванд.

“Аммо барои механизми пурсамар гардонидани ҷубронпулӣ, афзоиши маблағгузорӣ ба барномаи кумаки иҷтимоии таъинотӣ зарур аст, ки метавонад аз ҳисоби ҷудо кардани даромадҳои иловагии буҷети давлатӣ ба даст оварда шавад”, – зикр мегардад дар Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.