Tcell барои “Пардохти муваффақ” телефонҳои ҳушманд, телевизор, лаптоп ва мошин туҳфа мекунад!

Ширкати Tcell муштаракан бо намояндагии Hyundai иқдоми бузургмиқёси “Пардохти муваффақ”-ро пешниҳод месозанд. Ҷоизаҳои аксияи “Пардохти муваффақ”- телефонҳои ҳушманд (смартфонҳо), Smart TV, ноутбукҳо ва ҳатто мошинҳои сабукрав мебошанд! Дар иқдом ҳама муштариёни Tcell аз гӯшаву канори Тоҷикистон ширкат карда метавонанд: барои ин фақат пур кардани тавозуни телефон кофист. Аксия аз 1 майи соли равон то 10 […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell муштаракан бо намояндагии Hyundai иқдоми бузургмиқёси “Пардохти муваффақ”-ро пешниҳод месозанд. Ҷоизаҳои аксияи “Пардохти муваффақ”- телефонҳои ҳушманд (смартфонҳо), Smart TV, ноутбукҳо ва ҳатто мошинҳои сабукрав мебошанд! Дар иқдом ҳама муштариёни Tcell аз гӯшаву канори Тоҷикистон ширкат карда метавонанд: барои ин фақат пур кардани тавозуни телефон кофист. Аксия аз 1 майи соли равон то 10 сентябри соли 2019 идома хоҳад кард.

Барои он ки иштирокчии иқдом гардед, зарур аст, тавозуни телефонатонро дар давоми 1 май то 10 сентябр ба 10 сомонӣ ва ё бештар аз он пурра намоед. Барои ҳар як 10 сомонӣ ба муштарӣ SMS-паёмак бо рамзи инфиродӣ (ID-рақам) ирсол мегардад, ки баъдан тавассути ин рамзҳо тӯҳфаҳоро бурд кардан мумкин аст.  

Аз 1 май то 10 сентябр Tcell ба муштариён 20 гӯшии ҳушманди Samsung Galaxy A30, 10 Smart телевизиони Samsung, 5 лаптопи MacBook Air 13 ва 3 сабукрави тамғаи Hyundai Accent 2019 тӯҳфа мекунад!

Иқдоми «Пардохти муваффақ» дар 3 давр сурат мегирад. Марҳилаи аввали аксия аз 1 май то 14-уми июн, бахши дуюм аз 15 июн то 29-уми июл ва даври сеюм аз 30-юми июл то 10 сентябр давом меёбад. Қуръакашии ниҳоии ҳар давр мутаносибан рӯзҳои 15-уми июн, 30-юми июл ва 11-уми сентябр дар дафтари асосии ширкат – Tcell Plaza баргузор гардида, ҷараёни он тавассути телевизион мустақиман дар саросари Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Дар рӯзҳои баргузории бозии бурдҳои ниҳоӣ Tcell ҳамаи хоҳишмандонро барои назорати шаффофияти қуръакашӣ ба ширкат даъват менамояд.

Ғолибони аксия тариқи телефонҳои расмии ширкати Tcell огоҳ карда мешаванд.

Иқдоми «Пардохти муваффақ» – бебохт аст, чунки муштариён барои иштирок дар он ҳеч гуна хароҷоти иловагӣ намекунанд. Аснои иштирок дар аксия муштариро фақат зарур аст, ки ба тавозуни телефонаш маблағ гузаронад ва онро бо назардошти худ- барои истифодаи интернет, ирсоли навору паёмак, гуфтугӯ ва ғайра истифода намояд. 

Тавозуни худро бо 10 сомонӣ пурра намоед, ID-рамз (рақами шиносоии инфиродӣ) бигиред ва иштирокчии иқдом гардед! Шояд ҳамин пардохти Шумо бароятон мукофотро ба армуғон меорад!

Маълумоти муфассалро дар бораи иштирок дар аксияи «Пардохти муваффақ» дар суроғаи зер дарёфт карда метавонед: https://www.tcell.tj/content/news/conditions-of-the-promotion-successful-payment/

___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.