Пешгӯии коҳиши назарраси рушди иқтисоди Тоҷикистон дар минтақа

Таҳлилгарони Хазинаи байнулмилалии асъор барои иқтисоди Тоҷикистон коҳиши назарраси рушди иқтисодро дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ давоми ду соли наздик пешгӯӣ мекунанд. “Интизорӣ меравад, ки Тоҷикистон ба коҳиши хеле назарраси сураъти рушд дучор шавад, зеро камшавии интиқоли пул ба буҷет таъсири манфӣ мерасонад”, – қайд мешавад дар гузориши нави Хазина “Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ”. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таҳлилгарони Хазинаи байнулмилалии асъор барои иқтисоди Тоҷикистон коҳиши назарраси рушди иқтисодро дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ давоми ду соли наздик пешгӯӣ мекунанд.

“Интизорӣ меравад, ки Тоҷикистон ба коҳиши хеле назарраси сураъти рушд дучор шавад, зеро камшавии интиқоли пул ба буҷет таъсири манфӣ мерасонад”, – қайд мешавад дар гузориши нави Хазина “Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ”.

Суръати рушд дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ

Рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли гузашта 7%-ро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин миёни кишварҳои минтақа маҳсуб меёфт.

Иқтисодчиёни Хазина пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2019 рушди иқтисоди ҷумҳурӣ то 5% ва соли 2020 – то 4,5% поин меравад.

Дар гузориши нав гуфта мешавад, суръати рушди иқтисод дар минтақа ба сурати умум устувор, вале то ҳол хеле паст барои дар оянда баланд бурдани сатҳи зиндагӣ боқӣ мемонад.

“Бо назардошти суръати пешбинишудаи рушди иқтисод дар солҳои 2019 ва 2020 дар сатҳи 4,1%, дурнамои рушди минтақаи Қавқоз ва Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо суръати рушди соли гузашта дар сатҳи 4,2% қариб тағйир намеёбад”, – қайд мекунанд муаллифони гузориш.

Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад, ки дурнамо барои кишварҳои минтақа бо сатҳи баланди номуайянӣ мушкилтар мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.