Қарзи берунаи Тоҷикистон боз 36 млн. доллар зиёд шуд

Ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар давоми семоҳаи аввали ҳамин сол қариб 36 млн. доллар афзуд. Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия, ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ наздики 2 млрд. 915 млн. долларро ташкил медиҳад. Аввали соли равон ин нишондиҳанда ба 2 млрд. 879 млн. доллар баробар буд. Дар сохтори қарзи хориҷии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар давоми семоҳаи аввали ҳамин сол қариб 36 млн. доллар афзуд.

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия, ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ наздики 2 млрд. 915 млн. долларро ташкил медиҳад. Аввали соли равон ин нишондиҳанда ба 2 млрд. 879 млн. доллар баробар буд.

Дар сохтори қарзи хориҷии кишвар наздики 95% воситаҳое мебошанд, ки барои эҳтиёҷоти ҳукумати ҷумҳурӣ ҷалб шудаанд.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлат 65,6 млн. доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати ҳукуматро надоранд, 31,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон назди Хазинаи байнулмилалии асъор, Чин ва Бонкии исломии рушд дар маҷмӯъ 62,7 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон Чин боқӣ мемонад, ки ҷумҳурӣ ба ин ниҳод беш аз 1,2 млрд. доллар қарздор аст. Қарзи ташааккулёфта дар натиҷаи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин Тоҷикистон назди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд ва Бонки исломии рушд низ дар ҳаҷмҳои начандон зиёд қарздор аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.