Расман: дар ошӯби зиндони Ваҳдат 29 нафар маҳбусон ҳалок шуданд

Хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат маълумоти расмӣ ба нашр расонид.                          “Ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат маълумоти расмӣ ба нашр расонид.                         

“Ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд”, – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, гурӯҳи номбаршуда аввал се корманди муассисаи ислоҳӣ — майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидовичро бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, аз тавқифгоҳи ҷаримавии муассиса 8 нафар маҳбусони дигарро, ки онҳо низ аъзои созмони террористиву экстремистии «Давлати исломӣ» буданд, озод карданд ва сипас 5 нафар маҳбусон, аз ҷумла Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидмаҳдихон (Шайх Темур)-ро дар назди дигар маҳбусон бо мақсади тарсонидани онҳо бо корд ваҳшиёна ба қатл расониданд ва даҳҳо нафар маҳбусони дигарро латукӯб ва захмӣ карданд.

“Сипас аъзои ин гурӯҳ қисми тиббии муассисаро оташ зада, якчанд нафар маҳбусонро гаравгон гирифтанд ва бо мақсади фирор аз муассиса ба кормандони он ҳуҷум карданд”, – омадааст дар хабар.

Дар маълумот қайд мешавад, ки дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуд. Шахсони ба гаравгон гирифташуда озод карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳодисаи баамаломада аз тарафи Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва тафтишот идома дорад.

Гуфта мешавад, айни замон низоми муқаррарӣ дар муассиса, ки дар он якуним ҳазор нафар маҳбусон адои ҷазо мекунанд, барқарор карда шуда, вазъият зери назорат қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.