Ниёзи Тоҷикистон ба 400 млн. доллар дар амалисозии нақшаи нави зиддибуҳронӣ

Барои амалисозии пурсамари нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои имконпазир ба иқтисоди миллӣ ҷалби тақрибан 400 млн. доллар аз ҷониби шарикони рушд зарур аст. Зимни кори мизи гирди санаи 20 июн дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавзӯи “Таъмини суботи макроиқтисодӣ дар шароити таъсири омилҳои беруна” муовини […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Барои амалисозии пурсамари нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои имконпазир ба иқтисоди миллӣ ҷалби тақрибан 400 млн. доллар аз ҷониби шарикони рушд зарур аст.

Зимни кори мизи гирди санаи 20 июн дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавзӯи “Таъмини суботи макроиқтисодӣ дар шароити таъсири омилҳои беруна” муовини авввали вазир Завқӣ Завқизода қайд кард, ки нақшаи чорабиниҳо аз 30 ноябри соли гузашта бо қарори ҳукумат тасдиқ шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар доираи амалисозии нақша оид ба таъмини суботи макроиқтисодӣ, пешбурди сиёсати молиявии пурсамар, беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, таъмини фаъолияти корхонаҳои давлатӣ корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи муоини вазир, дар самти камшавии вобастагии иқтисод ва низоми молиявӣ ба як кишвари муҳоҷират тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.

Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ нақшаи зиддибуҳронии соли 2015 аз ҷониби ҳукумат қабулшударо иваз намуд.

Он аз 24 чорабиниҳои гуногун иборат аст. Ин чорабиниҳо ба нигоҳдории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи устувор, таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои давлатӣ ва бонкҳои дучори мушкилот, тақвияти фаъолият дар самти беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ нигаронида шудааст.

Ба гунаи мисол, яке аз ин бандҳои нақша пешгирии беасос болоравии нархҳо ба маҳсулоти аз нигоҳи иҷтиомӣ зарур, гази моеъ, бензин, ҳамчунин хизматрасониҳои роҳи оҳан ва бахшҳои иҷтимоӣ мебошад.

Ғайр аз ин, амалисозии сиёсати пуливу қарзии асъорӣ, тақвияти назорат ва танзими фаъолияти бонкҳо, такмили зерсохтори низомҳои пардохт, тавсеъаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва ғайра низ дар назар аст.

Ҳамчунин дар нақшаи чорабиниҳо пайгирӣ (мониторинг)-и истифодаи мақсаднок ва самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар ин самт низ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.