Ҳалокати 57 нафар аз гармӣ дар Япония тӯли як ҳафта

Дар Япония тӯли як ҳафта – аз 29 июл то 4 август аз гармии беҳад зиёд 57 нафар ҳалок ва 18 ҳазору 347 тани дигар дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд, хабар медиҳад Kyodo News бо истинод ба Агентии ҳолатҳои фавқулодаи ҳукумати ин кишвар. Бино ба маълумоти Интерфакс, давоми ҳафта бар асари гармо дар Токио – 1 […]

Asia-Plus

Дар Япония тӯли як ҳафта – аз 29 июл то 4 август аз гармии беҳад зиёд 57 нафар ҳалок ва 18 ҳазору 347 тани дигар дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд, хабар медиҳад Kyodo News бо истинод ба Агентии ҳолатҳои фавқулодаи ҳукумати ин кишвар.

Бино ба маълумоти Интерфакс, давоми ҳафта бар асари гармо дар Токио – 1 ҳазору 857 нафар, музофоти Айти ва Сайтаме – мутаносибан 1 ҳазору 342 ва 1 ҳазору 307 нафарро лозим омадааст, ки дар бемористон бистарӣ кунанд. Аксари онҳо – 54,3% шахсони синни аз 65-сола боло будаанд.

Ҳафтаи зикршуда дар тамоми қаламрави Япония гармии шадид ҳукмрон шуда, дар чанде аз минтақаҳои кишвар ҳарорат то 39 дараҷа гарм шудааст.

Гуфта мешавад, субҳи рӯзи 6 август дар шаҳри Токио ва канораҳои он интиқоли нерӯи барқ дар чанде аз хатҳои роҳи оҳан қатъ шудааст.

Дар яке аз ин қатораҳое, ки интиқоли барқ ба он қатъ шудааст, вазъи солимии 25 нафар мусофирон бад шуда, 9 нафари онҳоро лозим шудааст, ки ба бемористон баранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.