Президенти Тоҷикистон: “Дар чор квадрат зиндагӣ мекардам”

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон сокинони маҳаллӣ ба президенти Тоҷикистон расмеро туҳфа карданд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон дар бинои хурде назди кати хоб барои як кас тасвир мешавад: ин кабинети кории президент солҳои аввали фаъолияташ дар ин вазифа аст. Аз ин туҳфа сарвари давлат ба эҳсос омада, дар бораи солҳои аввали шурӯъ намуданаш […]

Asia-Plus

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон сокинони маҳаллӣ ба президенти Тоҷикистон расмеро туҳфа карданд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон дар бинои хурде назди кати хоб барои як кас тасвир мешавад: ин кабинети кории президент солҳои аввали фаъолияташ дар ин вазифа аст.

Аз ин туҳфа сарвари давлат ба эҳсос омада, дар бораи солҳои аввали шурӯъ намуданаш ба фаъолияти сиёсӣ ёдоварӣ кард.

“Дар ҳамин бинои чор квадрат (метри мураббаъ), ду ба ду зиндагӣ мекардам. Он ҷо кат, курсӣ ва ҷойи дасту руй шустан мавҷуд буд”, – гуфт сарвари давлат ва илова намуд, ки “ин танҳо ҷойи шабгузаронӣ буд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи суиқасдҳо ба ҷонаш низ ёдоварӣ намуд. “Шаш бор суиқасд карданд. Лекин агар дар хотир дошта бшед, ман гуфта будам, ки “ҷонамро нисор мекунам, лекин ба мардуми тоҷик сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ меорам”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.