Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис байни наврасон

Аз 23 то 27 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис  барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба сармураббии дастаи Тоҷикистон оид ба теннис Абдурасул Муҳиддинов, дар мусобиқаи мазкур ҷавонони то 17-сола метавонанд иштирок намоянд.  Гуфта мешавад, айни замон иштироки варзишгарон аз […]

АМИТ “Ховар”

Аз 23 то 27 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис  барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба сармураббии дастаи Тоҷикистон оид ба теннис Абдурасул Муҳиддинов, дар мусобиқаи мазкур ҷавонони то 17-сола метавонанд иштирок намоянд. 

Гуфта мешавад, айни замон иштироки варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Покистон ва  Россия муайян гардидааст. То ҳафтаи оянда варзишгарони дигар давлатҳо низ барои иштирок дар мусобиқа метавонанд муроҷиат намоянд.

Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис  барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» cоли даҳум  аст, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Мақсад  аз баргузории он муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон  мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис  4 рӯз идома меёбад. Дар ҷамъбаст барои ғолибони ҷои аввал 10 ҳазор  сомонӣ, ҷои дуюм 8 ҳазор  сомонӣ ва ҷои сеюм 5 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.