Нахустин истгоҳи “ҳушманд” аз Tcell дар шаҳри Душанбе

Имрӯз, дар истгоҳи назди кинотеатри “Ватан”-и шаҳри Душанбе ширкати Tcell нахустин маркази хизматрасониашро барои муштариён ифтитоҳ кард. Дар ин ҷо минтақаи фарогири Wi-Fi аз Тсеll фаъол гардида, муштариён имкон доранд аз машварати мутахассисон баҳравар шаванд, инчунин мусофирон метавонанд ҳангоми мунтазир шудани нақлиёт таҷҳизотҳои мобилиашонро неру бидиҳанд. Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротии кишвар ва пешоҳанги бозори […]

Иттилоияи расмӣ

Имрӯз, дар истгоҳи назди кинотеатри “Ватан”-и шаҳри Душанбе ширкати Tcell нахустин маркази хизматрасониашро барои муштариён ифтитоҳ кард. Дар ин ҷо минтақаи фарогири Wi-Fi аз Тсеll фаъол гардида, муштариён имкон доранд аз машварати мутахассисон баҳравар шаванд, инчунин мусофирон метавонанд ҳангоми мунтазир шудани нақлиёт таҷҳизотҳои мобилиашонро неру бидиҳанд.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротии кишвар ва пешоҳанги бозори фанноварии ҷадид аст, ки бо фаъолияташ дар ростои пешниҳоду татбиқи технологияи нав дар Тоҷикистон саҳми худро мегузорад. 

Маркази мазкур аввалин нуқтаи хизматрасонӣ дар истгоҳҳои пойтахт буда, дар оянда дар дигар истгоҳҳои шаҳри Душанбе ифтитоҳи чунин дафтарҳои хизматрасонӣ дар назар аст. Роҳандозии чунин истгоҳҳои ба истилоҳ “ҳушманд”-и  муҷаҳҳаз бо Wi-Fi қадами нахустини ширкати Тсеll дар бунёди шаҳри “ҳушманд” маҳсуб гардида, имрӯз хишти аввалини он гузошта шуд.  

«Шаҳри ҳушманд» -ин дурнамои ҳамгироии якчанд технологияи иттилоотӣ-  коммуникатсионӣ (ТИК) ва воситаҳои Интернет (тасмимҳои IoT) барои идораи зерсохторҳои шаҳрӣ мебошад. Ҳадафи аслии бунёди “шаҳри ҳушманд” беҳтарсозии сифати зиндагии одамон бо ёрии фанноварӣ (технология) маҳсуб мешавад.

Яке аз роҳҳои аслии рушду тавсеаи Tcell – рушди фанноварии ҷадид дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бо рушди фазои технологияи нав дар ҶТ ширкати Tcell саъй менамояд, ки яке аз вазифаҳои худро дар мутобиқат ба замон ва технологияи муосир ба роҳ монад: пайванд сохтани Тоҷикистон бо фазои иноватсия ва технологияи ҷаҳонӣ. Аз ин дидгоҳ, ифтитоҳи марказҳои хизматрасонӣ барои муштариён дар ҷойҳои серодам, истгоҳҳо ва мавзеҳои қулай талаботи замони нав аст.

Дар нуқтаҳои нави хизматрасонӣ муштариён аз машварати кормандони баландихтисосу ҳирфаии Тсеll баҳравар гардида, тарофаҳои писандидаи худро дарёфт менамоянд. 

____________

 Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.