Барои лату кӯби духтар дар таксӣ ҷавон 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ гирифт

Аз рӯи муроҷиати корбарони шабакаи Facebook кормандони милитсияи пойтахт ҷавони 20-соларо барои лату кӯби духтар боздошт намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 13 август корбари Facebook ба мақомоти милитсияи пойтахт навори видеоеро мефиристад, ки дар он аз ҷониби ҷавоне лату кӯб шудани духтар дар таксӣ дида мешавад. Дар ҷараёни […]

Asia-Plus

Аз рӯи муроҷиати корбарони шабакаи Facebook кормандони милитсияи пойтахт ҷавони 20-соларо барои лату кӯби духтар боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 13 август корбари Facebook ба мақомоти милитсияи пойтахт навори видеоеро мефиристад, ки дар он аз ҷониби ҷавоне лату кӯб шудани духтар дар таксӣ дида мешавад. Дар ҷараёни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин амал сокини 20-солаи шаҳри Душанбе Некрӯз Мазам боздошт шудааст.

“Ронандаи таксӣ ҳамчун шоҳид ва худи гумонбаршуда тасдиқ намуданд, ки ин ҳодиса моҳи июн рух додааст. Неркӯз иқрор шуд, ки он замон ба духтари шиносаш ба муноқиша пардохта, шаъну эътибори ӯро назди одамон паст ва як маротиба бо пояш духтарро задааст”, – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавал, нисбати Некрӯз Мазамов мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон – "майдаавбошӣ" санад тартиб дода шудааст.

“Суди ноҳияи Сино ба сифати ҷазо ба Мазамов 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин кард. Ӯ ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Душанбе  фиристода шуда, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб мешавад”, – қайд мекунад дафтари матбуоти РВКД Душанбе.

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба фаъол будан ва фиристодани аксҳо бо далелҳои қонуншиканӣ тариқи почтаи [email protected], ба саҳифаи расмии Раёсат дар Facebook «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» ё занг задан бо телефони (+99237) 221-15-00 даъват мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.