Аз 31 август то 10 сентябр дар Тоҷикистон амалиёти “Бачаҳо” баргузор мешавад

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон аз 31-уми август то 10-уми сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо»-ро мегузаронад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, амалиёт бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон роҳандозӣ мешавад. Дар доираи амалиёт кормандони БДА дар минтақаҳо аз мактабҳои таҳсилоти умумии […]

Asia-Plus

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон аз 31-уми август то 10-уми сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо»-ро мегузаронад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, амалиёт бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон роҳандозӣ мешавад.

Дар доираи амалиёт кормандони БДА дар минтақаҳо аз мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар ва сардорони Раёсатҳои БДА ВКД аз мактабҳои олии шаҳри Душанбе боздид намуда, бо хонандагону донишҷӯён дар бораи риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ вохӯриву суҳбатҳо баргузор мекунанд.

Раёсати БДА аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват кардаааст, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол буда, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд ва ҳаёти худу дигаронро зери хатар нагузоранд.

Тибқи маълумоти ВКД, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 285 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифа шуда, бар асари онҳо 396 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 357 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.