То ҳол пардохт нашудани рухсатипулиҳо ба омӯзгорон дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон

Мушкили пардохт нашудани рухсатипулиҳо ба омӯзгорон дар ноҳияҳои Шаҳритӯс, Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра ба мушоҳида мерасад. Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Давлатзода ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуд, ки дар як қатор ноҳияҳо чунин мушкилот вуҷуд дорад. “Ин мушкилӣ бештар дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба чашм мерасад ва сабабаш ба иҷро нашудани қисмати даромади буҷети […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Мушкили пардохт нашудани рухсатипулиҳо ба омӯзгорон дар ноҳияҳои Шаҳритӯс, Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра ба мушоҳида мерасад.

Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Давлатзода ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуд, ки дар як қатор ноҳияҳо чунин мушкилот вуҷуд дорад.

“Ин мушкилӣ бештар дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба чашм мерасад ва сабабаш ба иҷро нашудани қисмати даромади буҷети маҳаллӣ вобастагӣ дорад. Аз оғози сол аз нақшаи пешбинишуда ба буҷети район наздики 5 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид гардидааст. Ғайр аз ин, чунин мушкилот қисман дар Шаҳритӯс, Панҷ ва дигар ноҳияҳо низ ҷой дорад”, – иброз дошт ӯ.

Бахтиёр Назарзода қайд кард, ки буҷетҳои баъзе ноҳияҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ кумакпулӣ (субвентсия) мегиранд.

Субвентсия – навъи кумкпулиест, ки аз ҷониби давлат ба мақомоти маҳаллии ҳокимият ба муҳлати мушаххас ва мақсади муайян дода мешавад. Дар сурати ошкор шудани далелҳои истифодаи ғайримақсадноки воситаҳо ё истифода нашудани кумакпулӣ дар муҳлати муқаррашуда, субвентсия бояд баргардонида шавад.

“Ба ҷуз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ноҳияҳои боқимонда имрӯзу пагоҳ рухсатипулиҳо дода мешаванд. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ масъала алҳол ҳалношуда боқӣ мемонад. Мо кӯшиш дорем, ки роҳу воситаи ҳалли онро пайдо кунем”, – гуфт Назарзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳаҷми қарз аз рухсатипулиҳо ҳудуди 1,5 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.