Байни Ӯзбекистон ва Чин реҷаи бераводид ҷорӣ мешавад

Аз 1-уми январи соли 2020 барои шаҳрвандони Чин реҷаи бераводиди воридшавӣ ба Ӯзбекистон мавриди амал қарор мегирад. Чанде пеш дар ин хусус фармони раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расид. Дар ин бора “Фергана” хабар медиҳад. Шаҳрвандони Чин тариқи фурудгоҳҳои байнулмилалӣ бидуни анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ба Ӯзбекистон ворид шуда метавонанд, агар муҳлати ҳузурашон на […]

Аз 1-уми январи соли 2020 барои шаҳрвандони Чин реҷаи бераводиди воридшавӣ ба Ӯзбекистон мавриди амал қарор мегирад.

Чанде пеш дар ин хусус фармони раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расид. Дар ин бора “Фергана” хабар медиҳад.

Шаҳрвандони Чин тариқи фурудгоҳҳои байнулмилалӣ бидуни анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ба Ӯзбекистон ворид шуда метавонанд, агар муҳлати ҳузурашон на бештар аз 7 рӯз бошад.

Моҳи март ҳукумати Ӯзбекистон реҷаи раводидро барои шаҳрвандони Ҳонконг низ осонтар карда буд. Ба онҳо барои гирифтани раводиди электронӣ, ҳамчунин дастрас кардани Ҳуҷҷати зист иҷоза дода шуд.

Ҳамчунин аз 1-уми январи соли 2020 Ӯзбекистон бо 20 кишвари Ҳавзаи Кариб реҷаи бидуни раводид ҷорӣ мекунад.

Ин навгонӣ ба Ӯзбекистон имкон дод, ки дар паҳнои ИДМ дуюм (пас аз Гурҷистон)  ва дар Осиёи Марказӣ якум кишваре шавад, ки чунин реҷаи осони вуруд барои шаҳрвандони хориҷиро дорад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сайёҳии Ӯзбекистон, моҳи июни соли ҷорӣ 5283 шаҳрванди Чин ба Ӯзбекистон рафтаанд. Бо назардошти шумори сайёҳони аз кишварҳои хориҷи дур ба Ӯзбекистон воридшуда теъдоди шаҳрвандони Чин танҳо аз Туркия (5745 нафар) ва Афғонистон (5474 нафар) камтар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.