“Шоҳзодаи хурд” дар Душанбе таассуроти гуногун ба бор овард

Дар толори Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов (“Аҳорун”) нахустнамоиши “Шоҳзодаи хурд”-и театри Конибодом баргузор шуд. Аз тамошои он ҳунармандони шинохтаи кишвар – Қурбони Собир, Тағоймуроди Розиқ, Саодат Азизова, Тамара Абдушукурова, инчунин донишҷӯёну рӯзноманигорон ва дӯстдорони театр рӯзи 17-уми ноябр баҳравар шуданд. Дар фарҷоми намоиш бархе аз бинандагон таассуроти худро баён карданд. Аз […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар толори Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов (“Аҳорун”) нахустнамоиши “Шоҳзодаи хурд”-и театри Конибодом баргузор шуд.

Аз тамошои он ҳунармандони шинохтаи кишвар – Қурбони Собир, Тағоймуроди Розиқ, Саодат Азизова, Тамара Абдушукурова, инчунин донишҷӯёну рӯзноманигорон ва дӯстдорони театр рӯзи 17-уми ноябр баҳравар шуданд.

Дар фарҷоми намоиш бархе аз бинандагон таассуроти худро баён карданд. Аз ҷумла, ҳунарманди саршинос, устоди Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Қурбони Собир изҳор дошт, ки баъзан дар донишкада хатмкунандагон намоишҳоеро пешниҳод мекунанд, ки аз шарм намедонӣ куҷо пинҳон шавӣ.

“Аслан, ин намоиш ва ҳамин мавзӯъ шеър аст. Бо забони шеър суҳбат кардан душвор аст. Нафароне ҳастанд, ки дар ин раванд муваффақ намешаванд. Бачаҳо низ хеле камбудӣ доранд, инро худашон медонанд. Дар баъзе ҷойҳо матн равон нашудаст. Намоиши “Қорӣ Ишкамба”-и шумо хеле олӣ буд, шояд онро қадр накарданд. Аммо намоиши “Шоҳзодаи хурд” хеле ҳарфҳои ҳирфаӣ хоҳад гуфт”, – афзуд Қурбони Собир.

Собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Тамара Абдушукуровна чунин ибрози андеша кард: “Ман доим ҳис мекунам, ки театри Конибодом назар ба дигарон пешравиҳо дорад. Онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, як ҳарфи тоза ва фикри навро рӯйи саҳна биёранд, то бинандаро дар ҳайрат гузоранд. Дар намоиши имрӯза низ навгониҳо дида мешуд. Он барои ман хеле маъқул шуд. Намоиш аз камбудӣ низ орӣ набуд. Суръати намоиш бояд аз поён ба боло равад, аммо намоиши шумо як суръат дорад. Инчунин дар вақти истифодаи калимаҳои русӣ задаҳоро нодуруст талаффуз мекунед”.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова низ таассуроти худро баён кард: “Ман намоишҳои “Шоҳ Лир”, “Қорӣ Ишкамба” ва имрӯз “Шоҳзодаи хурд”-и театри Конибодомро тамошо кардам. Ман ҳамчун ҳунарпеша ба корҳои шумо ҳасад мебарам. Дар пойтахт мисли шумо ҷавонҳое нестанд, ки фаъолият кунанд ва моро ба ҳайрат оранд. Имрӯз дар намоишномаи “Шоҳзодаи хурд”-и шумо ҳунарро дидам”.

Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова дар ҳамдастӣ бо Театр-студияи “Шамс ва Қамар”-и Ӯзбекистон намоишномаи “Шоҳзодаи хурд”-ро аз рӯйи асари Антуан де Сент-Экзюпери ба саҳна гузоштааст. Нақшҳоро дар он Ғайрат Қодиров ва Фарҳод Ғаффорпур иҷро карданд.

Муаллифи идея роҳбари бадеии Театр-студияи “Шамс ва Қамар”, мунаққиди театр Қамариддин Ортиқов ва коргардони он Ҷамшед Валиев аз театри “Шамс ва Қамар” мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.