Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад! АНОНС – Дар доираи Ҳафтаи филмҳои русиягӣ дар кинотеатри “Зебуннисо” соти 14:30 филми «Воскресенье» ва 17:30 «Однажды в Трубчевске» намоиш дода мешавад. Тамошои филмҳо бепул аст; https://www.youtube.com/watch?v=KgPTyW98O-A – Дар толори Иттифоқи рассомони Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Дар доираи Ҳафтаи филмҳои русиягӣ дар кинотеатри “Зебуннисо” соти 14:30 филми «Воскресенье» ва 17:30 «Однажды в Трубчевске» намоиш дода мешавад. Тамошои филмҳо бепул аст;

https://www.youtube.com/watch?v=KgPTyW98O-A

– Дар толори Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоишгоҳи шахсии Ирина Дмитриева Ванн таҳти унвони «Миры и мифы Тимура Зульфикарова. Живая древность» ҷараён дорад. Намоишгоҳ аз соати 10:00 то 17:00 кор мекунад;

– Дар Бишкек байни дастаҳои мунтахаби футболи Қирғизистон ва Тоҷикистон бозии даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 доир мегардад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз гардида, дар шабакаи телевизиони “Варзиш” намоиш дода мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6967 сомонӣ;

1 евро – 10.7265 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1517 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1935 – Нависандаи Чехия Юлиус Фучик ба Тоҷикистон ташриф овард.

1992 – Дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ даъвати 12-ум Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олӣ – роҳбари давлат интихоб шуд.

2002 – Миёни ҳукумати ҶТ ва ширкати «Помир энержи» Сертификати ҳукми қонунӣ гирифтани Шартномаи Консессияи низоми энергетикии ВМКБ ба имзо расид.

1938 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Носирҷон Азизов.

1940-1998 – Мавлуди олим Барот Шокиров.

1942 – Зодрӯзи оҳангсоз Фирӯз Баҳор.

1951 – Мавлуди ҳунарманди театр Сабоҳат Қосимова.

1953 – Зодрӯзи овозхон Фотима Тӯраева.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тайирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с. дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 13+18 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5° гарм, рӯзона 8+13° гарм мешавад.

Дар ВМКБ —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2°, рӯзона 9+14° гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 22-27° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар НТМ  — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 8+13° гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 16+18° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тайирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад.   

Дар шаҳри Хоруғ —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.