Ронандагони мошинҳои гаронарзиш қоидаҳои ҳаракатро вайрон карданд

Масъулини мақомоту ширкатҳо ва тоҷироне, ки бо мошинҳои гаронарзиш қоидаҳои ҳаракат дар ҷодаҳои пойтахтро вайрон карданд, аз ҷониби кормандони БДА боздошт шуданд. Дар барномаи ахбори ВКД “Милитсия ҳомии ҷомеа”, ки дар ТВ “Сафина” ҳафтаи гузашта намоиш дода шуд, ному вазифаи бархе аз чунин ронандагон зикр шудааст. Аз ҷумла, сардори Маркази миллии патенти Вазорати рушди иқтисод […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Масъулини мақомоту ширкатҳо ва тоҷироне, ки бо мошинҳои гаронарзиш қоидаҳои ҳаракат дар ҷодаҳои пойтахтро вайрон карданд, аз ҷониби кормандони БДА боздошт шуданд.

Дар барномаи ахбори ВКД “Милитсия ҳомии ҷомеа”, ки дар ТВ “Сафина” ҳафтаи гузашта намоиш дода шуд, ному вазифаи бархе аз чунин ронандагон зикр шудааст. Аз ҷумла, сардори Маркази миллии патенти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Носирҷон Ятимов бо автомашинаи тамғаи “Лексус-470”, рақами қайди давлатияш 237 ZE 01 ба қоидавайронкунӣ роҳ додааст. Сарвари ширкати “Алюмин проюм” Муъминҷон Фаттоев, ронандаи автомашинаи “Тойота Прадо”, рақами давлатиаш 2322 ва оператори ширкати “Baвilon” Парвиз Исмоилов, ронандаи автомашинаи рақами қайди давлатиаш 9009 ЕD01 низ дар шумори чунин мошинсаворон будаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=9KVzkDtfY3o

Дар барномаи телевизионӣ ҳамчунин Камолиддин Меликов – ронандаи “Тойота-Прадо”, рақамаи қайди давлатияш 0110 НН 01; Содиқов Гадоалӣ – ронандаи “Хонда”, рақамаш 7770 ВТ 01; Баҳрулло Ризвонов – ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, рақами қайди давлатияш 4444 ОR 01 ва Далер Гусейнов – ронандаи “Тойота-Прадо", рақамаш 3333 СТ 01 номбар шудаанд.

Инчунин Саъдулло Салимов – ронандаи “Лексус”, рақами қайди давлатияш 1000 ОН 03; Остонақул Меликов – ронандаи “Хундай”, рақамаш 0101 YО 01; Анис Сафаров – ронандаи “Тойота”, рақами давлатияш 4111 SS 01; Одилҷон Қобилов – ронандаи “Тойота-Кемри”, рақами қайди давлатияш 2555 SS 01; Фаррух Давлатзода – ронандаи автомашинаи “Тойота-Прадо”, рақами қайди давлатиаш 2888 АА 01; Шукрулло Ғуломов – ронандаи “БМВ”, рақамаш 0333 НЕ 01; Насибҷон Салимов – ронандаи “Мерседес”, рақами қайди давлатияш 7775 АР 07; Искандар Раҳмонов – ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри”, рақами қайди давлатияш 0005 РD 01 ва ва Азизҷон Хоҷаев – ронандаи “Тойота-Ландкрузер”, рақами давлатиаш 1234 НЕ 01 зикр гардидаанд.

Нисбат ба соҳибону ронандагони чунин воситаҳои нақлиёт бо мақсади минбаъд такрор накардани қоидавайронкунӣ бо моддаи 324-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаҳо тартиб дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 30-юми октябр то 30-юми ноябр дар ҳудуди кӯчаву роҳҳои пойтахт амалиёт бо номи шартии ”Тавақуф” гузаронида мешавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксаран қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш вайрон карда мешаванд. Онҳо аз ҳиссиёти ҳавобаландӣ ва худнамоишдиҳӣ роҳбандон ташкил карда, мошинҳои худро дар қатори дуюм, сари гардишҳо, муқобили самти ҳаракати роҳ, дохили истгоҳи воситаҳои нақлиёти истифодаи умум, зери аломатҳои роҳи манъкунанда гузошта, бо ин амалашон монеаҳои сунъӣ ва тамбашавӣ эҷод мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.