Сарвари Боғи ҳайвоноти Душанбе аз мансаб барканор шуд

Шаҳрдории Душанбе сарвари Боғи ҳайвонотро аз вазифа сабукдӯш кард. Ивази роҳбари он пас аз марги ду ҷонвар ва муроҷиати сокинони пойтахт бо дархости қатъи фаъолияти боғи мазкур аз сабаби шароити бади он сурат пазируфт. Тавре ба “Азия-Плюс” кормандони ин муассиса хабар доданд, сарвари Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе Маҳмадалӣ Шарифов имрӯз аз мансаб барканор шудааст. “Комиссияи шаҳрдорӣ санҷиш гузаронида, […]

Шаҳрдории Душанбе сарвари Боғи ҳайвонотро аз вазифа сабукдӯш кард. Ивази роҳбари он пас аз марги ду ҷонвар ва муроҷиати сокинони пойтахт бо дархости қатъи фаъолияти боғи мазкур аз сабаби шароити бади он сурат пазируфт.

Тавре ба “Азия-Плюс” кормандони ин муассиса хабар доданд, сарвари Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе Маҳмадалӣ Шарифов имрӯз аз мансаб барканор шудааст.

“Комиссияи шаҳрдорӣ санҷиш гузаронида, камбудиҳоро ошкор кард ва нимаи рӯз ба мо хабар доданд, ки сарвари боғ аз вазифа озод шудааст. Ба гумони ғолиб, ин ба шикояти шаҳрвандон дар бораи марги гавазн ва шутурмурғ вобаста аст”, – гуфтанд коргарони боғи ҳайвонот.

Дар шаҳрдории Душанбе маълумоти мазкурро тасдиқ карданд.

“Ба ҷойи Маҳмадалӣ Шарифов корманди ҳамин муассиса Маъруф Тошев сарвар таъин шуд. Сабаби ивази роҳбар камбудиҳои ошкоршуда дар кори ӯ ва ҷойивазкунии кадрии нақшавӣ мебошад”, – гуфтанд дар дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.

Ҳамчунин зикр шуд, ки айни замон нақшаи сохтмони боғи ҳайвоноти нав дар канори шаҳри Душанбе таҳия мешавад.

“Мутахассисон якчанд лоиҳаи пешниҳодшуда, масоили тадорукотӣ ва молиявии ин масъаларо омӯхта истодаанд. Чун мавзеи муносиб интихобу дигар масъалаҳо ҳал шаванд, сохтмон оғоз мегардад”, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ.

Қаблан як гурӯҳ фаъолон ба раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо дархости қатъи фаъолияти боғи ҳайвонот ва озод кардани бошандагони он (ҳайвонот) муроҷиат карданд. Муроҷиатномаи худро онҳо дар Facebook низ нашр карда, аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ кумак дархост карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.