Бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и Бохтар дар рӯйхати “андозҳои мушкилситон”

Нозироти андози шаҳри Бохтар рӯйхати ширкату корхонаҳои давлатиеро тартиб додааст, ки қарзи калон доранду онро саривақт пардохт намекунанд ва онро “андозҳои мушкилситон” номгузорӣ кардааст.  Дар ин рӯйхат 17 ширкату корхонаҳои давлатие, ки андозҳои худро сари вақт пардохт накардаанд, зикр шудаанд. Тавре аз нозироти андози шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ба ин рӯйхат ширкату корхонаҳое ворид […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Нозироти андози шаҳри Бохтар рӯйхати ширкату корхонаҳои давлатиеро тартиб додааст, ки қарзи калон доранду онро саривақт пардохт намекунанд ва онро “андозҳои мушкилситон” номгузорӣ кардааст.  Дар ин рӯйхат 17 ширкату корхонаҳои давлатие, ки андозҳои худро сари вақт пардохт накардаанд, зикр шудаанд.

Тавре аз нозироти андози шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ба ин рӯйхат ширкату корхонаҳое ворид шудаанд, ки аз фаъолият бозмонда ва ё муфлис гардидаанд. 

Ба суоли он ки чаро ҶДММ “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” дар он ҷой дорад, манбаъ гуфт, ин бозор қарзи калон дошта, онро саривақт пардохт намекунад ва аз ин хотир мо онро ба рӯйхати “андозҳои мушкилситон” ворид кардаем.

Дар рӯйхати “андозҳои мушкилситон”, ки ба дасти мо расидааст, номи ширкату корхонаҳои қарздор ва ҳаҷми маблағҳои қарзашон нишон дода шудааст. Аз ҷумла, ҶДММ “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” 1 миллиону 892,9 ҳазор сомонӣ, КФД “Қӯрғонтеппагаз” 9 миллиону 468,9 ҳазор сомонӣ, “ТАМЕР ИНБ” 1 миллиону 256,7 ҳазор сомонӣ ва ҶСП “Леваканд” 2 миллиону 67,9 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздоранд. Дар маҷмӯъ қарзи ин 17 ширкату корхонаҳо 17,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ дар идомаи сӯҳбаташ илова кард, ки ғайр аз ин руйхат боз корхонаҳое ҳастанд, ки дар назди андоз қарздоранд ва нисбаташон мавод тартиб дода шуда ба прокуратураи шаҳр фиристода шудааст.

Масалан, нисбат ба КФДБ “Обу корезии Қӯрғонтеппа” – қарзаш 129,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, нисбат ба ҶДММ “Шаҳрзоди Меҳроҷ” – 46 ҳазор назди андоз қарздор аст, ҶСШК “Комбинати шири Қӯрғонтеппа” – қарзаш 141 ҳазор сомонӣ ва ҶДММ “Бахтиёр-2014” – қарзаш 1 миллиону 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, мавод таҳия ва ба прокуратура фиристода шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, бақияи қарзи андоз дар шаҳри Бохтар ба 1 ноябри соли 2019, 23 миллиону 495,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 1 январи соли 2019 81,2 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.