Дар рӯйхати номзадҳои ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ Саидмурод Фаттоҳзода якум аст

Собиқ муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Саидмурод Фаттоҳзода дар садри рӯйхати номзадҳои ҳизб ба интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ қарор гирифт. Ба рӯйхати ҳизбии ҲХДТ иборат аз 28 нафар номзадҳо ҳамагӣ 4 нафар намояндагони ҳизб, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар даъвати гузашта вакилони палатаи поёнии парлумон интихоб шуда буданд, дохил гардиданд. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Собиқ муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Саидмурод Фаттоҳзода дар садри рӯйхати номзадҳои ҳизб ба интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ қарор гирифт.

Ба рӯйхати ҳизбии ҲХДТ иборат аз 28 нафар номзадҳо ҳамагӣ 4 нафар намояндагони ҳизб, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар даъвати гузашта вакилони палатаи поёнии парлумон интихоб шуда буданд, дохил гардиданд. Дар анҷумани пеш аз интихоботии ҳизб рӯзи шанбе вакилони амалкунанда Дилрабо Мансурӣ, Фирӯза Шарифӣ, Насиба Содиқова ва Абдураҳим Холиқзода боз ба рӯйхати ҳизбӣ шомил шуданд.

Боқимонда 24 нафар номзадҳо аз ҲХДТ ягон маротиба вакили парлумон набуданд. Рӯйхати пурраи номзадҳо ба вакилӣ аз ҲХДТ алҳол дастрас нест.

Дар Тоҷикистон таҷрибае роиҷ шудааст, ки номзади дар садри рӯйхати ҲХДТ қарордошта муовини аввали раиси парлумон мешавад. Вобаста ба ин, аз эҳтимол дур нест, ки рӯзноманигори касбӣ Саидмурод Фаттоҳзода муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони даъвати оянда интихоб шавад.

Фаттоҳзода соли 1958 дар Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1981 Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии иҷтимоии Минскро бо ихтисосҳои “рӯзноманигор-корманди адабии газета” ва “сиёсатшинос” хатм кардааст. Номзади илмҳои сиёсашиносӣ мебошад.

Бо ордени “Красная звезда” ва медалҳо мукофотонида шуда, бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шудаст.

Интихобот ба парлумони Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти соли 2020 баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.