Зинаи охири мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи Чин

Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-22) бозиҳояшро дар мусобиқаи байнулмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019», ки аз 8 то 14 декабр дар шаҳри Чжухайи Чин доир гардид, ба итмом расонид. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозии даври охири мусобиқа байни дастаҳои Тоҷикистону Сурия мусовӣ – 0:0 анҷом пазируфт. Дар дақиқаи […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-22) бозиҳояшро дар мусобиқаи байнулмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019», ки аз 8 то 14 декабр дар шаҳри Чжухайи Чин доир гардид, ба итмом расонид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозии даври охири мусобиқа байни дастаҳои Тоҷикистону Сурия мусовӣ – 0:0 анҷом пазируфт. Дар дақиқаи 42-юми бозӣ барои рафтори ғайриварзишӣ нимҳимоятгари тими Тоҷикистон Шарафҷон Солеҳов аз майдон хориҷ шуд.

Қобили зикр аст, ки дар ду даври аввали мусобиқа футболбозони тоҷик аз дастаҳои Чин (1:2) ва Мали (0:3) шикаст хӯрданд.

Мунтахаби олимпии Сурия бо дарёфти 7 имтиёз дар се бозӣ ғолиби мусобиқаи «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019» шуд. Зинаҳои дуюму сеюмро футболбозони Чин ва Мали ба даст оварда, ҷойи охирро тими Тоҷикистон ишғол кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.