Муҷозот барои иштирок дар кори иттиҳодияҳои ғайриқонунӣ сахттар шуд

Ҳаҷми ҷарима барои иштирок дар кори иттиҳодия ва ташкилотҳои сабтиномнашудаи ҷамъиятӣ ва динӣ дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза сахттар шуд. Мувофиқи тағйироти воридшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, барои раҳбарӣ ба кори иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва динии сабиномнашуда, фаъолияташ боздошташуда ва аз рӯйи қонунгузорӣ манъшуда, ҳаҷми ҷарима 4 баробар: то 200 нишондиҳандаи ҳисоб […]

Ҳаҷми ҷарима барои иштирок дар кори иттиҳодия ва ташкилотҳои сабтиномнашудаи ҷамъиятӣ ва динӣ дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза сахттар шуд.

Мувофиқи тағйироти воридшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, барои раҳбарӣ ба кори иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва динии сабиномнашуда, фаъолияташ боздошташуда ва аз рӯйи қонунгузорӣ манъшуда, ҳаҷми ҷарима 4 баробар: то 200 нишондиҳандаи ҳисоб (11,6 ҳазор сомонӣ) афзуд.

Қаблан ҳадди ниҳоии ҷарима барои чунин қонуншиканӣ 50 нишондиҳандаи ҳисоб (2,9 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медод.

Барои иштирок дар фаъолияти чунин иттиҳодияҳо ба ивази 7 нишондиҳандаи қаблан муайяншуда (406 сомонӣ) акнун дар ҳаҷми то 100 нишондиҳандаи ҳисоб (5,8 ҳазор сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин ҷазо барои маблағгузорӣ ба фаъолияти ташкилотҳои ғайриқонунии ҷамъиятӣ ё динӣ сангинтар гардид.

Ҳадди ниҳоии ҷаримаи чунин қонуншиканӣ барои шахсони воқеӣ акнун 50 нишондиҳандаи ҳисоб (2,9 ҳазор сомонӣ), шахсони мансабдор – 200 нишондиҳандаи ҳисоб (11,6 ҳазор сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ – 1000 нишондиҳандаи ҳисоб (58 ҳазор сомонӣ) муқаррар шудааст.

То ин дам шахсони воқеӣ барои чунин қонуншиканӣ дар ҳаҷми то 12 нишондиҳандаи ҳисоб (696 сомонӣ), шахсони мансабдор – то 50 нишондиҳандаи ҳисоб (2,9 ҳазор сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ – то 300 нишондиҳандаи ҳисоб (17,4 ҳазор сомонӣ) ҷарима пардохт мекарданд.

Тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ пас аз чопи расмии онҳо дар нашрияи ҳукумат ҳукми қонунӣ гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми 1 нишондиҳанда барои ҳисоб аз 1 январи соли равон то ба 58 сомонӣ афзуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.