Сарфи назар аз коронавирус, ҳаҷми савдои Тоҷикистону Чин қариб 2 баробар афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳи январи соли равон ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Чин қариб 88,5% афзуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд.

Ҳаҷмии савдои дуҷониба миёни кишварҳо дар моҳи январ қариб 82 млн долларро ташкил додааст. Наздики 92% аз ҳаҷми умумӣ ба воридоти молу маҳсулоти Чин ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 76 млн доллар рост меояд.

Аз Тоҷикистон ба Чин ҳамагӣ ба маблағи 5,8 млн доллар молу маҳсулот содирот шудааст.

Аз Чин ба Тоҷикистон асосан металлҳои камбаҳо ва маснуот аз он, мошинҳо, таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ, воситаҳои нақлиёт, сарулибос ва молу маҳсулоти гуногуни саноатӣ оварда мешавад.

Моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба 383,5 млн доллар баробар шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта 17,9% зиёдтар мебошад.

Содироти молу маҳсулот ба маблағи 72,1 млн доллар ва воридоти он дар ҳаҷми 311,4 млн доллар сурат гирифтааст.

Дар ин давра ҷумҳурӣ бо 78 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом дод. Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба 95,8 млн. долларро ташкил медиҳад. Дар зинаи баъдӣ Қазоқистон қарор дорад, ки савдои дуҷониба бо ин кишвар дар моҳи аввали соли ҷорӣ ба 68,8 млн доллар расидааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали даҳаи охири моҳи январ бинобар сабаби хуруҷи коронавирус дар Чин, алоқаи роҳи заминӣ байни Тоҷикистону ин кишвар қатъ шуд.

Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон воридоти ҳама намуди маҳсулоти ғизоиро аз Чин манъ кард.

Аммо дар Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, ки молу маҳсулот аз Чин ба Тоҷикистон бо бандарҳои баҳрӣ тариқи кишварҳои сеюм ворид мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...