Чин равуои заминиро бо Тоҷикистон қатъ кард

Чин иртиботи заминии автомобилиро бо Тоҷикистон аз тариқи гузаргоҳи назоратии “Қулма” қатъ кард. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, равуои нақлиёти автомобилӣ байни кишварҳо аз ҷониби Чин бо сабаби ҷашни Соли нав дар ин кишвар қатъ шудааст. Ба иттилои манбаъ, айни замон равуо тариқи гузаргоҳи назоратии “Қулма” ҳам аз ҷониби Чин ва ҳам […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Чин иртиботи заминии автомобилиро бо Тоҷикистон аз тариқи гузаргоҳи назоратии “Қулма” қатъ кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, равуои нақлиёти автомобилӣ байни кишварҳо аз ҷониби Чин бо сабаби ҷашни Соли нав дар ин кишвар қатъ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон равуо тариқи гузаргоҳи назоратии “Қулма” ҳам аз ҷониби Чин ва ҳам аз ҷониби Тоҷикистон боздошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки бар асари хуруҷи коронавируси нав дар Чин, иртиботи автомобилии он қариб бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя қатъ шуд. Рӯзи 27-уми январ сарҳади байни Қирғизистону Чин низ баста шуд.

Ҳамчунин аз 23-юми январ парвози ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Чин қатъ карда шуд. Ҳам парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” ба ин кишвар ва ҳам парвозҳои ширкати South China Airlines ба Тоҷикистон мутаваққиф шуданд.

Дар ширкати “Сомон Эйр” қатъи парвозҳоро чунин маънидод карданд, ки ҳамасола дар ин мавсим бинобар сабаби ҷашни Соли нав дар Чин, ширкат парвозҳоро ба самти ин кишвар анҷом намедод.

Бино ба маълумоти ВАО, бар асари хуруҷи вирус ҳамаи чорабиниҳои идона ба муносибати Соли нав дар Пекин бекор карда шудааст.

Тавре Reuters хабар медиҳад, бино ба маълумоти телевизиони давлати Чин, дирӯз дар Пекин нахустин ҳодисаи ҳалокати шахс бар асари сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. То охири моҳи январ дар Пекин наздики 80 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.