Медали тиллои “Евро Азия-2005” дар намоишгоҳи «ПродЭкспо-2020»

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии лоиҳаи “Тиҷоратикунонии бахши кишоварзӣ”, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, иштироки беш аз 14 ширкати ватаниро дар кори Намоишгоҳи байнулмилалии озуқаворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «ПродЭкспо-2020» таъмин кард. Намоишгоҳи «ПродЭкспо-2020» аз 10 то 14-уми феврали соли равон бо иштироки намояндагони 2600 ширкату корхонаи беш […]

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии лоиҳаи “Тиҷоратикунонии бахши кишоварзӣ”, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, иштироки беш аз 14 ширкати ватаниро дар кори Намоишгоҳи байнулмилалии озуқаворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «ПродЭкспо-2020» таъмин кард.

Намоишгоҳи «ПродЭкспо-2020» аз 10 то 14-уми феврали соли равон бо иштироки намояндагони 2600 ширкату корхонаи беш аз 70 кишвари дунё дар шаҳри Маскави Русия доир гардид.

Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолкунандаи обҳои нӯшокии ташнашикан, хушкмева, лимӯ, маҳсулоти консервшудаи сабзавоту мева аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ намояндагӣ карданд.

Тавре маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи ин намоишгоҳ обҳои ташнашикани “Лимонад №1” ва “Хаватаг №1 Докторская”-и  ширкати “Евро Азия-2005”-и Тоҷикистон соҳиби 2 медали тиллоӣ шуда, ҳамзамон таъсисдиҳандаи ин ширкат низ бо медал барои саҳмгузорӣ дар соҳаи истеҳсолоти хӯрокворӣ ноил гардид.

Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби кори намоишгоҳ вохӯрии кории намояндагони ширкату корхонаҳои Тоҷикистон бо шабакаҳои бузурги савдои Х5-групп, Окей, Лента ва ғайра баргузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.