Бузургтарин масҷиди ҷомеи Душанбе 12 март боз мешавад

Дар маросими ифтитоҳи масҷиди нав дар Душанбе, ки рӯзи 12-уми марти соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Тамим бин Ҳамад ал-Танӣ дар назар аст. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, гурӯҳи корӣ оид ба омодакунии маросими ба истифода додани масҷид, ки ба ҳайати он намояндагони ҳукумат, […]

Дар маросими ифтитоҳи масҷиди нав дар Душанбе, ки рӯзи 12-уми марти соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Тамим бин Ҳамад ал-Танӣ дар назар аст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, гурӯҳи корӣ оид ба омодакунии маросими ба истифода додани масҷид, ки ба ҳайати он намояндагони ҳукумат, ходимони дин ва олимон шомиланд, ба раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ин масҷид “Хуросон” номгузорӣ шавад.

Бо кадом асос пешниҳод шудани чунин номро манбаъ шарҳ надод.

“Ин танҳо як пешниҳод буда, қарори ниҳоиро дар бораи номгузории масҷид президент қабул мекунад”, – таъкид дошт ӯ.

Маросими ифтитоҳи бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе бинобар сабаби ташрифи “меҳмони воломақом” – амири Қатар мавқуф гузошта шуд.

Нахуст ифтитоҳи он охири моҳи сентябр ё аввали моҳи октябри соли гузашта пешбинӣ гардида буд. Ҳамон замон маълумот пайдо шуд, ки амири Қатар аз ҳукуматдорони тоҷик дархост кардааст, ба ӯ барои иштирок дар маросими ифтитоҳи масҷид ва адои намоз дар он бо диндорони тоҷик имкон дода шавад.

Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон  бо мусоидати раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд.

Бунёди ин масҷид дар Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 9 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро ҳукумати Қатар ҷудо кард.

Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст.

Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра иборат аст.

Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти динии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.