Тоҷикистон барои воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз Чин маҳдудият ҷорӣ кард

Пас аз хуруҷи коронавируси 2019-nCoV дар Чин, Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон барои воридоти ҳама намуди маҳсулоти хӯрокворӣ аз ин кишвар маҳдудият ҷорӣ кардааст. Дар ин хусус раиси кумитаи мазкур Муҳаммадсаид Убайдулло имрӯз, 30-юми январ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2019 аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Чин ба […]

Пас аз хуруҷи коронавируси 2019-nCoV дар Чин, Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон барои воридоти ҳама намуди маҳсулоти хӯрокворӣ аз ин кишвар маҳдудият ҷорӣ кардааст. Дар ин хусус раиси кумитаи мазкур Муҳаммадсаид Убайдулло имрӯз, 30-юми январ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2019 аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Чин ба соҳибкорон иҷозат дода нашудааст. “Ба истиснои чой ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ”, – афзуд ӯ.

“Баъд аз пайдо шудани коронавирус дар Хитой он маҳсулоте, ки аз ҷониби давлатҳои сеюм низ ворид мешаванд, зери назорати ҷиддӣ гирифта шудааст. Аз тарафи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ меваҳои Хитой, ки ба воситаи Афғонистон ворид карданӣ буданд, бозпас гардонида шуд. То ҳол ба кишвар маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли чинӣ ворид нашудааст”, –  таъкид дошт раиси кумита.

Муҳаммадсаид Убайдулло зикр кард, ки пас аз хуруҷи коронавирус бо супориши сарвари давлат ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ амал мекунад. Дар сарҳадот мақомоти махсуси Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, Раёсати сарҳадии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Хадамоти гумрук фаъолият мекунанд.

“Дар сарҳад ташхисгоҳҳо вуҷуд доранд, ки молу маҳсулоти чиниро бармегардонанд ва намегузоранд, ки ба ҷумҳурӣ ворид шаванд. Барои молҳои дигар давлатҳо маҳдудияте вуҷуд надорад, танҳо воридот барои маҳсулоти истеҳсоли Чин иҷозат дода намешавад. Аз маҳсулоти ғизоӣ танҳо чой ворид мешуд, ки пас аз пайдо шудани вирус аз тарафаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба воридоти он низ маҳдудият ҷорӣ карда шудааст”, – шарҳ дод ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.