Freedom House Тоҷикистонро ба сафи “кишварҳои ноозод” шомил кард

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар раддабандии “Озодӣ дар ҷаҳон-2020” Тоҷикистонро ба сафи “кишварҳои ноозод” шомил кард. Дар гузориши рӯзи 4-уми март нашршуда сатҳи озодӣ дар ҷумҳурӣ аз 100 холи имконпазир 9 хол арзёбӣ шудааст. Аз рӯйи меъёри “озодиҳои шаҳрвандӣ” Тоҷикистон 9 хол ва дар бахши “озодиҳои сиёсӣ” 0 хол (бадтарин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар раддабандии “Озодӣ дар ҷаҳон-2020” Тоҷикистонро ба сафи “кишварҳои ноозод” шомил кард.

Дар гузориши рӯзи 4-уми март нашршуда сатҳи озодӣ дар ҷумҳурӣ аз 100 холи имконпазир 9 хол арзёбӣ шудааст. Аз рӯйи меъёри “озодиҳои шаҳрвандӣ” Тоҷикистон 9 хол ва дар бахши “озодиҳои сиёсӣ” 0 хол (бадтарин нишондиҳандаи имконпазир) гирифтааст.

Ба ҷуз Тоҷикистон, инчунин 48 кишвару қаламрав, аз ҷумла, Қазоқистон (23 хол), Русия (20 хол), Ӯзбекистон (10 хол) ва Туркманистон (2 хол) “ноозод” унвон шудаанд.

Аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо касби 39 хол танҳо Қирғизистон байни “кишварҳои қисман озод” ҷойгир шудааст.

Муаллифони гузориш Туркманистон, Кореяи Шимолӣ, Эритрея, Судони Ҷанубӣ ва Сурияро ба қатори кишварҳои бештар ноозод гузоштаанд.

Боз 63 кишвар, аз ҷумла, Гурҷистон (61 хол) ва Украина (62 хол) ба мисли Қирғизистон “кишварҳои қисман озод” номбар шудаанд.

Дар зинаҳои аввали раддабандии кишварҳои озод (ҳамагӣ 83 кишвар) Финландия, Норвегия ва Шветсия ҷойгир шудаанд, ки дар ҳар кадоме аз ин давлатҳо ҳамаи 100 ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ риоя мешавад. Қариб ҳамаи давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин ИМА ва Канада ба ин гурӯҳ шомиланд.

Дар гузориш сатҳи озодӣ ба сурати умум дар 196 кишвар, ҳамчунин қаламравҳои ҷудогона арзёбӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.