Аввалин гурӯҳи шифоёфтагон аз беморхонаи Хуҷанд ҷавоб шуданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шоми 6-уми май 10 бемори шифоёфтае, ки тӯли ду ҳафта дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) табобат мегирифтанд, сиҳат шуда, ба хонаашон баргаштанд.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ин нафарон асосан сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, ташхиси такрорӣ нишон додааст, ки онҳо комилан солиманд.

Гуфта мешавад, алҳол дар ин беморхона 94 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бо бемории илтиҳоби шуш муроҷиат карда буданд, дар ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз бо шароити зарурӣ муолиҷа гирифта, вазъи солимиашон хуб арзёбӣ мешавад.

Дар ин хабар доир ба шумори дақиқи гирифторон ба коронавирус ва теъдоди фавти одамон то имрӯз дар вилояти Суғд маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, рӯзи 6-уми май дар Тоҷикистон 86 ҳолати нави сирояти коронавирус сабт шудаааст. Ба ин тариқ, шумори умумии беморони Covid-19 дар мамлакат ба 379 нафар расида, 8 кас бар асари он фавтидаанд.

Ҳамзамон вазорат иттилоъ дод, ки то 6-уми май дар муассисаҳои табобатии кишвар 3596 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 246 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Вазорат дар бораи шумори сироятёфтагон дар ҳар минтақаи кишвар маълумоти ҷудогона пешниҳод накардааст.

Қобили зикр аст, ки дар бораи 15 нафар аввалин сироятёфтагон Вазорат рӯзи 30-юми апрел хабар дод: 10 нафар дар Суғд ва 5 кас дар шаҳри Душанбе. Субҳи 2-юми май теъдоди сироятёфтагон ба 32 нафар, шоми 2-юми май – 76 кас, шоми 3-юми май – 128 нафар, 4-уми май – 23 кас ва 5-уми май – ба 293 нафар расид.

Вазорати тандурустӣ танҳо дар бораи шумори умумии сироятёфтагон дар миқёси ҷумҳурӣ маълумот медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...