Эрон ба Тоҷикистон 6 тонна кумакҳои пизишкӣ ва дармонӣ фиристод

Аввалин бастаи иборат аз 6 тонна кумакҳои пизишкӣ ва дармонии эҳдои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати мубориза бо коронавирус имрӯз, 12-уми май ба Тоҷикистон оварда мешавад. Чанде қабл парвози фавқулодаи ширкати ҳавопаймоии эронии “Вориш” аз фурудгоҳи шаҳри Машҳад оғоз шудааст. Пас аз яку ним соати парвоз, ҳавопаймо вориди фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе мешавад. Сипас таҳвили бастаи кумакҳои […]

Asia-Plus

Аввалин бастаи иборат аз 6 тонна кумакҳои пизишкӣ ва дармонии эҳдои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати мубориза бо коронавирус имрӯз, 12-уми май ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Чанде қабл парвози фавқулодаи ширкати ҳавопаймоии эронии “Вориш” аз фурудгоҳи шаҳри Машҳад оғоз шудааст. Пас аз яку ним соати парвоз, ҳавопаймо вориди фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе мешавад. Сипас таҳвили бастаи кумакҳои пизишкӣ ва доруии эҳдои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мақомоти марбутаи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Дар ин хусус ба “Азия-Плюс” сухангӯйи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳсин Фараҳбар иттилоъ дод. Вай афзуд, ки бо парвозҳои баъдӣ ирсоли кумакҳои иловагӣ аз Эрон ба Тоҷикистон дар назар аст.

Ба гуфтаи Муҳсин Фараҳбар, ҳавопаймои “Вориш” зимни парвоз аз Тоҷикистон 140 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон – тоҷирону фаъолони иқтисодӣ ва сайёҳонро ба ватан бармегардонад.

Қобили зикр аст, ки ирсоли ин кумак дар пайи гуфтугӯйи телефонии раисҷумҳурони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ амалӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио