Эрон омодаи кумак ба Тоҷикистон аст

Имрӯз, 6-уми май суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор шудааст. Зимнан бо назардошти таҷрибаи ғанӣ дар мубориза бо паҳншавии ҳамагирии коронавирус, раисҷумҳури Эрон барои расонидани кумак ба Тоҷикистон, аз ҷумла бо таҷҳизот, мутахассисони соҳавӣ ва маводи доруворӣ изҳори омодагӣ кардааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти пезиденти ҶТ, сарони ду давлат атрофи […]

Имрӯз, 6-уми май суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор шудааст.

Зимнан бо назардошти таҷрибаи ғанӣ дар мубориза бо паҳншавии ҳамагирии коронавирус, раисҷумҳури Эрон барои расонидани кумак ба Тоҷикистон, аз ҷумла бо таҷҳизот, мутахассисони соҳавӣ ва маводи доруворӣ изҳори омодагӣ кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти пезиденти ҶТ, сарони ду давлат атрофи масоили шиддат гирифтани хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули назар карда, дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус зуҳуроти буҳрониро дар иқтисоди ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Эрон изҳори ҳамдардиву таслият ва ба ҳамаи беморон шифои комил орзу кардааст. Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои қотеона ва саривақтии ҷониби Эрон дар мубориза бо ин бемории сироятӣ баҳои баланд додааст.

Ҳамзамон аҳаммияти ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи байнулмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз ин бемории ҳамагир ва оқибатҳои он таъкид шудааст.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ҳар ду давлат алоқамандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷониба иброз доштанд. Дар робита ба ин изҳори умед карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.