Сохтмони бузургтарин беморхонаи сироятии Тоҷикистон дар Душанбе дубора барқарор мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз замони шӯравӣ, соли 1983 оғоз гардида, лекин бо сабаби мавҷуд набудани маблағгузорӣ, аввали солҳои 90-уми қарни гузашта мутавақиф гардида буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, тибқи нақшаи шаҳрдорӣ, беморхонаи нав моҳи сентябри соли 2021 ба истифода дода мешавад.

Бузургтарин беморхонаи Тоҷикистон дар канори шаҳри Душанбе, маҳаллаи Гипрозем бунёд мешавад. Ин ҷо дар майдони беш аз 10 гектар даҳҳо биноҳои панҷ ва ҳафтошёна сохта шуда, дар як вақт дар он 1,5 ҳазор нафар муолиҷа гирифта метавонанд.

Айни замон мутахассисон ҳолати иншооти қариб 30 сол пеш сохташударо мавриди санҷиш қарор дода, ба наздикӣ наздики 300 нафар бинокорон ба корҳои сохтмон дар иншоот шурӯъ хоҳанд кард.

Сохтмони беморхонаи сироятӣ аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон ва буҷети шаҳрдории пойтахт маблағгузорӣ мешавад. Бо чӣ миқдор маблағ, алҳол маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 май бо раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти як қатор дармонгоҳҳои муваққатӣ барои муолиҷаи беморони коронавирус дар шаҳри Душанбе шинос шуд. Ин 4 дармонгоҳи муваққатӣ дар як вақт наздики 2 ҳазор нафар беморонро қабул карда метавонанд.

Дар саҳни ҳавлии хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи шаҳрии касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шинос шуд. Беморхонаи мазкур бо ғунҷоиши 1500 кати хоб ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи авввал барои қабули то 640 бемор омода мегардад.

Сарвари давлат супориш дод, ки корҳои лоиҳакашии беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, худи ҳамин сол корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон оғоз карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...