Теъдоди беморони COVID-19 дар ҷаҳон аз 5 млн нафар гузашт

Шумори ҳолатҳои сироят аз коронавирус дар ҷаҳон аз 5 млн нафар гузашт. Дар ин бора маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, ки дар вақти воқеӣ омори ҷаҳониро ҷамъоварӣ мекунад, шаҳодат медиҳад, менависад Медуза. Бештарин теъдоди сироят – беш аз 1,5 млн нафар  ба ИМА рост меояд. Бо зиёда аз 308 ҳазор ҳолат Русия дар зинаи дуюм қарор […]

Шумори ҳолатҳои сироят аз коронавирус дар ҷаҳон аз 5 млн нафар гузашт. Дар ин бора маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, ки дар вақти воқеӣ омори ҷаҳониро ҷамъоварӣ мекунад, шаҳодат медиҳад, менависад Медуза.

Бештарин теъдоди сироят – беш аз 1,5 млн нафар  ба ИМА рост меояд. Бо зиёда аз 308 ҳазор ҳолат Русия дар зинаи дуюм қарор дорад. Зинаи сеюмро зиёда аз 290 ҳазор ҳолат Бразилия ишғол мекунад.

Дар саросари дунё ҳамагӣ 328 ҳазор нафар аз коронавирус вафот карданд. . Зиёда аз 93 ҳазор фавт дар ИМА сабт шудааст. Дар зинаҳои баъдӣ Британияи Кабир (беш аз 35 ҳазор кас) ва Италия (зиёда аз 32 ҳазор нафар) қарор доранд. Ба сурати умум қариб 1,9 млн нафар шифо ёфтанд.

Дар Русия камтар аз се ҳазор ҳолатҳои фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, беш аз 85 ҳазор кас шифо ёфтааанд.

Дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 20 май шумори сироятёфтагон аз COVID-19 ба 2140 нафар расид. Нишондиҳандаи марг мисли пешин – 41 нафар аз оғози пандемия, ки 30 апрел эълон шуд, боқӣ монд.

Тӯли ин муддат дар ҷумҳурӣ 470 нафар аз коронавирус шифо ёфта, дар дармонгоҳҳои кишвар айни замон 3592 нафар зери муоинаи табибон қарор доранд.

Дирӯз зимни вохӯрӣ бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустӣ президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазир ва раиси ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус Қоҳир Расулзода дастур дод, ки мунтазам тариқи ВАО дар бораи пандемия дар кишвар маълумоти дурусту ҳақиқӣ дода шавад.

“Ҳамеша дар бораи теъдоди сирояти шаҳрвандон, шифоёфтагону фавтидагон хабар диҳед, пинҳон накунед – мардум бояд ҳақиқатро донад”, – қайд кард президент.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.