Дар Тоҷикистон аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ сохта шуд

Дар Тоҷикистон аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шушҳо (ИВЛ) сохта шуд. ки аз ҷониби кормандони яке аз сохторҳои Академияи миллии илмҳо таҳия гардид. “Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ки аз ҷониби олимони тоҷик сохта шуд, дар бемористони “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе муваффақона озмуда шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ. Ба гуфтаи ӯ, […]

Дар Тоҷикистон аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шушҳо (ИВЛ) сохта шуд. ки аз ҷониби кормандони яке аз сохторҳои Академияи миллии илмҳо таҳия гардид.

“Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ки аз ҷониби олимони тоҷик сохта шуд, дар бемористони “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе муваффақона озмуда шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дастгоҳи намунаи истеҳсоли Тоҷикистон ба меъёри нишондиҳандаҳои чунин дастгоҳҳо пурра ҷавобгӯ буда, аз барқ кор мекунад ва вазнаш 5 кило мебошад.

Аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли Тоҷикистон айни замон дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе барои осон кардани нафасгирии беморон истифода мешавад.

Академик Раҳимӣ қайд кард, ки Академияи илмҳо ба ҳукумат ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ бо пешниҳоди пурра ва ба таври силсилавӣ роҳандозӣ кардани истеҳсоли чунин дастгоҳҳо дар ҷумҳурӣ муроҷиат намудааст.

“Барои сохтани ин дастгоҳ воридоти таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ аз хориҷи кишвар лозим нест, намунаи дастгоҳ пурра аз воситаҳои техникие бандубаст шудааст, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд”, – иброз дошт академик.

Ихтироъкори хуҷандӣ кумак кардан мехоҳад

Дар ҳамин ҳол, нафақахӯр аз Хуҷанд Нуъмон Ҳасанов, ки ба таъмиру истеҳсоли аробачаҳои маъюбӣ машғул аст, дастгоҳи ёридиҳандаи нафасдиҳии шушҳо ихтироъ кард. Қаблан ӯ дастгоҳи паҳнкунии дуди ҳазориспанд низ сохта буд.

Ба гуфтаи худи нафақахӯр, дастгоҳи ӯ аз қисмҳои компютер ва танзимгари шиддат (стабилизатор) сохта шуда, онро дар муддати се рӯз бандубаст кардааст.

Нафақахӯр ба беморхонаҳо пешниҳод мекунад, ки чунин дастгоҳ гиранд. Ба қавли вай, дар муқоиса бо дастгоҳҳои гарони нафасдиҳии сунъӣ, ин хеле арзонтар меафтад.

“Ба корхонаҳои саноатӣ пешниҳод дорам, ки бо дастгоҳи ман, ки ҳозир барои беморон хеле зарур аст, аз наздик шинос шаванд. Бо ихтирои чунин дастгоҳ мехоҳам, ки дар мубориза бо коронавирус саҳми худро гузорам”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” Нуъмон Ҳасанов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.