Сохтмони бузургтарин беморхонаи сироятии Тоҷикистон дар Душанбе дубора барқарор мешавад

Сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз замони шӯравӣ, соли 1983 оғоз гардида, лекин бо сабаби мавҷуд набудани маблағгузорӣ, аввали солҳои 90-уми қарни гузашта мутавақиф гардида буд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, тибқи нақшаи шаҳрдорӣ, беморхонаи нав моҳи сентябри соли 2021 ба истифода дода мешавад. Бузургтарин беморхонаи Тоҷикистон дар канори шаҳри Душанбе, маҳаллаи Гипрозем […]

Сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз замони шӯравӣ, соли 1983 оғоз гардида, лекин бо сабаби мавҷуд набудани маблағгузорӣ, аввали солҳои 90-уми қарни гузашта мутавақиф гардида буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, тибқи нақшаи шаҳрдорӣ, беморхонаи нав моҳи сентябри соли 2021 ба истифода дода мешавад.

Бузургтарин беморхонаи Тоҷикистон дар канори шаҳри Душанбе, маҳаллаи Гипрозем бунёд мешавад. Ин ҷо дар майдони беш аз 10 гектар даҳҳо биноҳои панҷ ва ҳафтошёна сохта шуда, дар як вақт дар он 1,5 ҳазор нафар муолиҷа гирифта метавонанд.

Айни замон мутахассисон ҳолати иншооти қариб 30 сол пеш сохташударо мавриди санҷиш қарор дода, ба наздикӣ наздики 300 нафар бинокорон ба корҳои сохтмон дар иншоот шурӯъ хоҳанд кард.

Сохтмони беморхонаи сироятӣ аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон ва буҷети шаҳрдории пойтахт маблағгузорӣ мешавад. Бо чӣ миқдор маблағ, алҳол маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 май бо раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти як қатор дармонгоҳҳои муваққатӣ барои муолиҷаи беморони коронавирус дар шаҳри Душанбе шинос шуд. Ин 4 дармонгоҳи муваққатӣ дар як вақт наздики 2 ҳазор нафар беморонро қабул карда метавонанд.

Дар саҳни ҳавлии хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи шаҳрии касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шинос шуд. Беморхонаи мазкур бо ғунҷоиши 1500 кати хоб ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи авввал барои қабули то 640 бемор омода мегардад.

Сарвари давлат супориш дод, ки корҳои лоиҳакашии беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, худи ҳамин сол корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон оғоз карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.