Дастури президент ҷиҳати мунтазам ба ВАО пешниҳод кардани маълумот дар бораи коронавирус

Зимни вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазир ва раиси ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус Қоҳир Расулзода дастур дод, ки мунтазам тариқи ВАО дар бораи пандемия дар кишвар маълумоти дурусту ҳақиқӣ дода шавад. “Ҳамеша дар бораи теъдоди сирояти шаҳрвандон, шифоёфтагону фавтидагон хабар диҳед, пинҳон накунед – мардум бояд ҳақиқатро донад”, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазир ва раиси ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус Қоҳир Расулзода дастур дод, ки мунтазам тариқи ВАО дар бораи пандемия дар кишвар маълумоти дурусту ҳақиқӣ дода шавад.

“Ҳамеша дар бораи теъдоди сирояти шаҳрвандон, шифоёфтагону фавтидагон хабар диҳед, пинҳон накунед – мардум бояд ҳақиқатро донад”, – қайд кард президент.

Дар матни суханронии президент, ки дар сомонаи расмии сарвари давлат нашр шуд, ин гуфтаҳо ҷой надоранд, лекин дар гузориши телевизионӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Қоҳир Расулзода чунин дастур медиҳад.

Матни пурраи суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар ҳамин суханронӣ сарвари давлат ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва пешгирӣ намудани паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятӣ дар мамлакат, роҳандозии тадбирҳои иловагии зеринро зарур донист, ки дар ин мавод оварда шудаанд.

То шоми 20 май дар ҷумҳурӣ боз 204 ҳолати сироят аз коронавирус ошкор шуд. Ба ин тариқ, шумории умумии сироят аз COVID-19 дар ҷумҳурӣ ба 2140 нафар расид. Шабонарӯзи гузаште ҳеҷ кас вафот накард, хабар медиҳад Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус. Нишондиҳандаи марг мисли пешин – 41 нафар аз оғози пандемия, ки 30 апрел эълон шуд, боқӣ монд.

Тӯли ин муддат дар ҷумҳурӣ 470 нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд. Дар бораи кай ва дар куҷо муолиҷа ёфтани ин одамон маълумот дастрас нест. Айни замон 3592 нафар дар дармонгоҳҳои кишвар зери муоинаи табибон қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.