Дар Хуҷанд озмоишгоҳи вирусологӣ ба кор медарояд. Дуюмин дар кишвар

Зимни вохӯрӣ бо кормандони тиббии марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дод, ки то охири ҳафта дар Хуҷанд озмоишгоҳи вирусологӣ барои муайян намудани беморони коронавируси COVID-19 фаъол мегардад ва тамоми ашхоси шубҳанок ба ин намуди беморӣ мавриди санҷиш қарор хоҳанд гирифт. То ин дам сокинони вилоят чунин имкон надошта, қаблан тестҳо […]

Зимни вохӯрӣ бо кормандони тиббии марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дод, ки то охири ҳафта дар Хуҷанд озмоишгоҳи вирусологӣ барои муайян намудани беморони коронавируси COVID-19 фаъол мегардад ва тамоми ашхоси шубҳанок ба ин намуди беморӣ мавриди санҷиш қарор хоҳанд гирифт.

То ин дам сокинони вилоят чунин имкон надошта, қаблан тестҳо барои ташхис ба Душанбе фиристода мешуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода рӯзи 20 май аз Марказҳои саломатии №2, 4 ва 5 боздид ба амал оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ҳангоми суҳбат бо табибон ва ҳамшираҳои шафқат раиси вилоят изҳор дошт, ки самараи муборизаи дастҷамъона буд, ки имрӯз сафи беморони короновирус назар ба рӯзҳои аввал хеле коҳиш ёфта, пас аз шифоёбӣ беморон ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки чанд рӯз қабл кӯмакҳои моддии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корвони иборат аз 140 мошини пурбор ба 18 шаҳру навоҳии вилоят тақсим карда шуданд.

Гуфта мешавад, сипас ба Марказҳои саломатии №2, 4 ва 5-и шаҳри Хуҷанд кӯмакҳои раиси вилоят, аз қабили доруворӣ, корҷома, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ тақдим карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки табибон ва кормандони тиббии ҳамаи 6 Марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.