Президент ва раиси пойтахт бо шароити беморхонаҳои муваққатии пойтахт шинос шуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 май бо раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти як қатор дармонгоҳҳои муваққатӣ барои муолиҷаи беморони коронавирус дар шаҳри Душанбе шинос шуд. Ин 4 дармонгоҳи муваққатӣ дар як вақт наздики 2 ҳазор нафар беморонро қабул карда метавонанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ дар ноҳияи […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 май бо раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти як қатор дармонгоҳҳои муваққатӣ барои муолиҷаи беморони коронавирус дар шаҳри Душанбе шинос шуд. Ин 4 дармонгоҳи муваққатӣ дар як вақт наздики 2 ҳазор нафар беморонро қабул карда метавонанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ дар ноҳияи Сино Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе бо вазъи беморхонаи муваққатӣ шинос шуданд. Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои пешгирии паҳншавии бемории нави сироятии COVID-19 барои қабули 500 нафар беморони мубталои короновирус муҷаҳҳаз бо тамоми техника ва лавозимоти зарурӣ омода гардидааст.

Президенти мамлакат ҳамчунин бо рафти корҳо дар хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шудааст, шинос шуд. Иншооти мазкур аз 12 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тибқи дастури Пешвои миллат 650 кати хоб барои қабул ва табобати шахсони мубталои бемории нави сироятӣ ҷой дода мешавад.

Сарвари давлат ҳамчунин бо шароити ду беморхонаи муваққатии дигар барои муолиҷаи беморони коронавирус дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб”- и Кумитаи ҷавонон ва варзиш (Манеж), инчунин Гимназияи ҳарбии ба номи “Ворисони Куруши Кабир”-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ низ аз наздик шинос шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи беморхонаҳои муваққатӣ бо таҷҳизоти муосир, маводу дорувории тиббии зарурӣ ва воситаҳои муҳофизат барои табибон таъминанд.

Президент қаблан зимни вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ изҳор намуд, ки танҳо риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии коронавирус кумак мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.