Эмомалӣ Раҳмон раиси нави шаҳри Кӯлобро таъин кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо фармони худ Абдуқодир Вализодаро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб таъин кард. То ин дам Абдуқодир Вализода ба ҳайси раиси шаҳри Турсунзода ифои вазифа мекард. Парвиз Акрамзода, ки қаблан дар вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг қарор дошт, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода таъин шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо фармони худ Абдуқодир Вализодаро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб таъин кард.

То ин дам Абдуқодир Вализода ба ҳайси раиси шаҳри Турсунзода ифои вазифа мекард.

Парвиз Акрамзода, ки қаблан дар вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг қарор дошт, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода таъин шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода имрӯз, 8 июн ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуд.

Абдуқодир Вализода 3 марти соли 1964 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, соли 1983 Коллеҷи политехникии Душанбе ва соли 1996 Донигоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси соҳаи кишоварзӣ ва иқтисодчӣ хатм кардааст.

Дар давраи кориаш ӯ ба ҳайси муовини раиси шаҳри Бохтар, раиси ноҳияи Ховалинг, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият намуда, аз моҳи феврали соли 2018 то 8 июни соли 2020 вазифаи раиси шаҳри Турсунзодаро бар уҳда дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.