Темур Зулифқоров бо ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” қадрдонӣ шуд

Date:

Нависандаи саршиноси русзабони Тоҷикистон Темур Зулфиқоров ба ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” (Звезды Содружества) қадрдонӣ шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Фонди байнидавлатии гуманитарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хабар медиҳад.

Дар қаторӣ ӯ боз инҳо сазовори ҷоиза мазкур дониста шуданд:

директори Осорхонаи миллии таърихи Озарбойҷон Наиля Велиханова (Озарбойҷон),

омӯзгори мусиқӣ ва дирижёр Светлана Навасардян (Арманистон),

директори маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил Александр Мрочек (Беларус),

роҳбари бадеии Театри давлатии мусиқӣ-драмавӣ Талгат Теменов (Қазоқистон),

кимиёшинос Одилбек Молдошев (Қирғизистон),

директори театри ҷваонони «С улицы роз» Юрий Хармелин (Молдова),

нависанда Гузел Яхина (Русия)

роҳбари бадеии ансамбли «Ялла» Фаррух Зокиров (Ӯзбекистон).

Маросими тақдими ҷоизаҳо маъмулан дар доираи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ, ки имсол бояд дар Ӯзбекистон доир гардад, баргузор мешавад. Дар робита ба вазъи вобаста ба эпидемия, рӯзи баргузории Форум ва шакли тақдими ҷоизаҳо ҳоло муайян карда нашудааст.

Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” аз ҷониби Шӯрои ҳамкории гуманитарии кишварҳо соли 2009 таъсис дода шудааст. Ҷоиза дар се бахш – илму маориф, фарҳангу ҳунар ва ҳамчунин фаъолияти гуманитарӣ тақдим гардида, аз мукофотпулӣ (2 млн. рубл), ифтихорнома, нишони фахрии ҷоизадор ва шаҳодатнома ба он иборат аст.

Солҳои пешин намояндагони Тоҷикистон – рассом Вафо Назаров, шоир Низом Қосим, ҳунарманд Ибодулло Машрабов, академикҳо Ӯлмас Мирсаидов ва Далер Почоҷонов ба ин ҷоиза сазовор дониста шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...