Месси раҳбарияти “Барселона”-ро аз нияти тарки даста огоҳ кард

Ҳамлагари аргентинии дастаи “Барселона”-и испания Лионел Месси раҳбарияти тимро огоҳ кард, ки нияти ба наздикӣ тарк кардани ҳайати дастаро дорад. Дар ин бора РИА Спорт хабар медиҳад. Тавре ин нашрия қайд мекунад, як манбаи шиноси наздики аргентинӣ дар “Барселона” гуфтааст, тасмими Месси қатъӣ буда, ӯ боре ҳам надидааст, ки футболбоз то ба ин ҳад ҳайати […]

Ҳамлагари аргентинии дастаи “Барселона”-и испания Лионел Месси раҳбарияти тимро огоҳ кард, ки нияти ба наздикӣ тарк кардани ҳайати дастаро дорад. Дар ин бора РИА Спорт хабар медиҳад.

Тавре ин нашрия қайд мекунад, як манбаи шиноси наздики аргентинӣ дар “Барселона” гуфтааст, тасмими Месси қатъӣ буда, ӯ боре ҳам надидааст, ки футболбоз то ба ин ҳад ҳайати тимро тарк кардан мехоҳад.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар вохӯрии чаҳорякфиналии Лигаи чемпионҳо дар Лиссабон (Португалия) “Барселона” аз дастаи “Бавария”-и Мюнхен бо ҳисоби калони 2:8 шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи бозиҳо дар ин мусобиқаи бонуфузи Аврупо маҳрум шуд. Аз соли 1946 бори аввал аст, ки дар як бозӣ ба дарвозаи “Барселона” 8 гол ворид карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки созишномаи Лионел Месси бо “Барселона” то тобистони соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Mundo Deportivo, “Барселона” маблағи ба дигар даста гузаштани Мессиро муайн кард.

Бино ба маълумоти нашрия, “Барселона” ҳоло ҳам умедвор аст, ки Месси то анҷоми муҳлати қарордод дастаро тарк намекунад.

Аммо раҳбарияти даста аз эҳтимол дур намедонад, ки дар сурати аз ҷониби дастаи харидор пардохт шудани маблағи ҳаққи гузашт дар ҳаҷми 700 млн евро, Месси “Барселона”-ро тарк карда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.