Темур Зулифқоров бо ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” қадрдонӣ шуд

Нависандаи саршиноси русзабони Тоҷикистон Темур Зулфиқоров ба ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” (Звезды Содружества) қадрдонӣ шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Фонди байнидавлатии гуманитарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хабар медиҳад. Дар қаторӣ ӯ боз инҳо сазовори ҷоиза мазкур дониста шуданд: директори Осорхонаи миллии таърихи Озарбойҷон Наиля Велиханова (Озарбойҷон), омӯзгори мусиқӣ ва дирижёр Светлана Навасардян […]

Нависандаи саршиноси русзабони Тоҷикистон Темур Зулфиқоров ба ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” (Звезды Содружества) қадрдонӣ шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Фонди байнидавлатии гуманитарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хабар медиҳад.

Дар қаторӣ ӯ боз инҳо сазовори ҷоиза мазкур дониста шуданд:

директори Осорхонаи миллии таърихи Озарбойҷон Наиля Велиханова (Озарбойҷон),

омӯзгори мусиқӣ ва дирижёр Светлана Навасардян (Арманистон),

директори маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил Александр Мрочек (Беларус),

роҳбари бадеии Театри давлатии мусиқӣ-драмавӣ Талгат Теменов (Қазоқистон),

кимиёшинос Одилбек Молдошев (Қирғизистон),

директори театри ҷваонони «С улицы роз» Юрий Хармелин (Молдова),

нависанда Гузел Яхина (Русия)

роҳбари бадеии ансамбли «Ялла» Фаррух Зокиров (Ӯзбекистон).

Маросими тақдими ҷоизаҳо маъмулан дар доираи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ, ки имсол бояд дар Ӯзбекистон доир гардад, баргузор мешавад. Дар робита ба вазъи вобаста ба эпидемия, рӯзи баргузории Форум ва шакли тақдими ҷоизаҳо ҳоло муайян карда нашудааст.

Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” аз ҷониби Шӯрои ҳамкории гуманитарии кишварҳо соли 2009 таъсис дода шудааст. Ҷоиза дар се бахш – илму маориф, фарҳангу ҳунар ва ҳамчунин фаъолияти гуманитарӣ тақдим гардида, аз мукофотпулӣ (2 млн. рубл), ифтихорнома, нишони фахрии ҷоизадор ва шаҳодатнома ба он иборат аст.

Солҳои пешин намояндагони Тоҷикистон – рассом Вафо Назаров, шоир Низом Қосим, ҳунарманд Ибодулло Машрабов, академикҳо Ӯлмас Мирсаидов ва Далер Почоҷонов ба ин ҷоиза сазовор дониста шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.