Қадрдонии академик Почоҷонов бо ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод»

Рӯзи 17-уми апрел дар толори Бетховени Театри калони академии Русия маросими пуршукӯҳи тақдими ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – «Ситораҳои Иттиҳод» доир гардид. Ба академики Академияи улуми Тоҷикистон, олими маъруф Далер Почоҷонов ҷоизаи асосии башрдӯстонаи ИДМ – «Ситораҳои Иттиҳод» тақдим карда шуд. Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ […]

ASIA-Plus



Рӯзи 17-уми апрел дар толори Бетховени Театри калони академии Русия маросими пуршукӯҳи тақдими ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – «Ситораҳои Иттиҳод» доир гардид.

Ба академики Академияи улуми Тоҷикистон, олими маъруф Далер Почоҷонов ҷоизаи асосии башрдӯстонаи ИДМ – «Ситораҳои Иттиҳод» тақдим карда шуд.

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маросим ходимони маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятии Русия ва кишварҳои хориҷӣ, дипломатҳо, адибон, роҳбарони муассисаҳои таълимиву илмӣ ва ҷавонон ҳузур доштанд.

Тоҷикистонро сафири ҷумҳурӣ дар Русия Абдулмаҷид Достиев, президенти Академияи улуми ҶТ Фарҳод Раҳимов ва аъзои оилаи олими ба ҷоиза сазоворгардида намояндагӣ карданд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин академики Академияи миллии улуми Украина Борис Патон, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, коргардони театр Олег Табаков, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Қазоқистон Бибигул Тулегенова, Рассоми халқии Озарбойҷон Элдар Умар ва дигар ходимони шоистаи илму фарҳанг, дар маҷмӯъ 9 нафар аз кишварҳои узви ИДМ ба ин ҷоиза соҳиб шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?