Лату кӯби нозири барқ дар Душанбе барои талаби пардохти маблағи истифодаи барқ

Нозири барқ бо бинии шикаста, гӯш ва гулӯи осебдида дар бемористон бистарӣ шуда, нисбат ба мард ва писарони ӯ, ки дар лату кӯб даст доранд, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Шабакҳои барқи Душанбе хабар дод, нимаи дуюми рӯзи 20 август нозир Наврӯз Қосим аз як сокини хонаи №13 дар маҳаллаи […]

Нозири барқ бо бинии шикаста, гӯш ва гулӯи осебдида дар бемористон бистарӣ шуда, нисбат ба мард ва писарони ӯ, ки дар лату кӯб даст доранд, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Шабакҳои барқи Душанбе хабар дод, нимаи дуюми рӯзи 20 август нозир Наврӯз Қосим аз як сокини хонаи №13 дар маҳаллаи Испечак-2 хоҳиш кардааст, ки пули истифодаи барқро пардохт намояд, вагарна интиқоли барқро ба хонаи онҳо қатъ мекунад.

Маблағи қарзи соҳиби ин хона, ки нозирро мавриди лату кӯб қарор додааст, 900 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи “Азия-Плюс” дар ВКД Тоҷикистон далели лату кӯби нозири барқро тасдиқ намуда, хабар дод, ки аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Дар навбати худ нозир низ нисбати марди соҳиби хона ва ҳамсари чанде пеш вафоткардаи ӯ суханҳои қабеҳу ношоямро ба забон оварда, интиқоли барқро қатъ кардааст”, – хабар доданд дар ВКД.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.