Интернети босуръати Мегафон Тоҷикистон дар Қалъаи Хумб

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ инкишофи шабакаи 4G-ро дар ВМКБ идома медиҳад. Интернети босуръати мобилии насли чорум ба сокинони маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз – деҳаи Қалъаи Хумб дастрас гардид. Қалъаи Хумб баъди шаҳри Хоруғ дуюмин нуқтаи аҳолинишини ВМКБ мебошад, ки дар он МегаФон Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии 4G-ро ба кор даровард. Ба шарофати ин иқдом 1 600 […]

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ инкишофи шабакаи 4G-ро дар ВМКБ идома медиҳад. Интернети босуръати мобилии насли чорум ба сокинони маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз – деҳаи Қалъаи Хумб дастрас гардид.

Қалъаи Хумб баъди шаҳри Хоруғ дуюмин нуқтаи аҳолинишини ВМКБ мебошад, ки дар он МегаФон Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии 4G-ро ба кор даровард. Ба шарофати ин иқдом 1 600 сокини деҳа акнун интернетро бо суръати миёнаи 10-15 Мбит дар як сония истифода карда метавонанд, ки ин аз нишондиҳандаҳои шабакаи муқаррарии 3G баландтар аст. Бо суръатҳои 4G боргирии филмҳо, гӯшкунии мусиқӣ, истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ниҳоят қулай аст.

“Айни замон дар минтақаи мо лоиҳаи бузурги инвеститсионӣ амалӣ мегардад. Дар натиҷаи он дар ҳамаи марказҳои маъмурии ВМКБ интернети босуръати мобилии 4G дастрас хоҳад шуд. Таъмини дастрасии устувор дар шароитҳои баландкӯҳи Помир мушкил аст, лекин бо вуҷуди ин, мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, ки дар чунин маҳал муштариён аз хизматрасониҳои муосири рақамӣ бархӯрдор бошанд”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим САДОНШОЕВ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.