Равуои троллейбуси №12 дар Душанбе пурра барқарор шуд

Дар робита ба баргузории корҳои таъмиру навсозӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ (мавзеи Яккачинор, Агроинвестбонк) ва сохтмони эстакада дар маҳаллаи Қарияи Боло, моҳи феврали соли 2018 шаҳрдории Душанбе ҳаракати троллейбуси №12-ро, ки аз Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) то маҳаллаи Гулбутта равуо мекард, муваққатан боздошта буд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, шурӯъ аз имрӯз, […]

Аваз Юлдошев

Дар робита ба баргузории корҳои таъмиру навсозӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ (мавзеи Яккачинор, Агроинвестбонк) ва сохтмони эстакада дар маҳаллаи Қарияи Боло, моҳи феврали соли 2018 шаҳрдории Душанбе ҳаракати троллейбуси №12-ро, ки аз Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) то маҳаллаи Гулбутта равуо мекард, муваққатан боздошта буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, шурӯъ аз имрӯз, 26 август равуои хатсайри троллейбуси №12 пурра барқарор шуда, он тариқи кӯчаҳои И. Сомонӣ, А. Сино, С. Шерозӣ ва Н. Қаробоев ҳаракат мекунад.

Тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе беш аз 3 ҳазор адад нақлиёти ҷамъиятӣ ба аҳолӣ хизматрасонӣ мекунанд, ки ҳудуди 80-и онҳо хусусӣ мебошанд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналӣ 560 адад воситаҳои нақлиёт қарор доранд, ки барои хизматрасонӣ ба мусофирони пойтахт пешбинӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати хизматрасонӣ ба аҳолии пойтахт ҳамарӯза наздики 80 троллейбус ба роҳ мебароянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.