“Сомон Эйр” билети 11 парвози чартериро ба Русия арзон кард

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” нархи билетҳоро ба 11 парвози чартерӣ, ки ба онҳо аз ду тараф мусофир гирифта мешавад, поин бурд. Чорто аз ин парвозҳо аллакай иҷро шудааст. Маълумот дар ин хусусро дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ дар саҳифаи худ дар Facebook дар посух ба маводи “Азия-Плюс” ба нашр расонид. “Қаблан зимни гирифтани мусофирон аз як […]

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” нархи билетҳоро ба 11 парвози чартерӣ, ки ба онҳо аз ду тараф мусофир гирифта мешавад, поин бурд. Чорто аз ин парвозҳо аллакай иҷро шудааст.

Маълумот дар ин хусусро дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ дар саҳифаи худ дар Facebook дар посух ба маводи “Азия-Плюс” ба нашр расонид.

“Қаблан зимни гирифтани мусофирон аз як самт, нархи билет ба парвозҳои чартерӣ, ки арзиши аслиашон 40% гаронтар аз билети муқаррарӣ аст, барои шаҳрвандони Тоҷикистон 395 евроро ташкил медод. Айни замон бо гирифтани мусофирон аз ду самт арзиши биелт то 300 евро кам карда шуд”, – қайд мешавад дар маълумоти ширкат.

Гуфта мешавад, дар парвозҳо бо хатсайри Санкт-Петербург – Душанбе 23 август, инчунин парвозҳо аз Маскав, Сургут ва Санкт-Петербург рӯзи 25 август мусофирон бо ҳамин нарх билет харидаанд.

Дафтари матбуоти ширкат қайд мекунад, ки боз дар 7 хатсайр бо мусофирон аз ду самт, ки то 31 август анҷом дода мешаванд, билетҳо бо нархи зикршуда фурӯхта мешаванд, лекин рӯзҳои парвоз саҳеҳ зикр намешавад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи “Азия-Плюс” дар сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки ширкати ҳавопаймоии русиягии «Уральские авиалинии» низ ба иҷрои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон оғоз мекунад.

“Шурӯъ аз имрӯз фурӯши билет ба ин парвозҳо оғоз гардида, то охири моҳи август ин ширкат 9 парвози чартерии дуҷониба анҷом медиҳад”, – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки барои соҳиби билет шудан ба ин парвозҳои чартерӣ шаҳрвандон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сироятёбӣ аз коронавирус дошта бошанд.

Дар Тоҷикистон дар куҷо метавон тести ташхиси коронавирус супурд?

Дар Тоҷикистон 8 озмоишгоҳ фаъолият дорад, ки дар онҳо аз тести ташхиси коронавирус гузаштан имкон дорад:

Душанбе: дар собиқ бинои асосии Нозироти санитарӣ-эпидемиологӣ, кӯчаи Шероз, 8 (паҳлӯи Вазорати тандурустӣ);

Хуҷанд: дар озмоишгоҳи вирусологии воқеъ дар бинои Маркази назорати санитарӣ-эпидемиологии вилояти Суғд;

Бохтар: озмоишгоҳи вирусологии Маркази давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологии вилоят Хатлон бо суроғаи кӯчаи Сино, 6а;

Кӯлоб: Маркази минтақавии назорати санитарӣ-эпидемиологӣ бо суроғаи кӯчаи Борбад, 40.

Дар Тоҷикистон ба озмоишгоҳҳои хусусӣ низ гирифтани тести ташхиси коронавирус иҷоза шуд. Дар Душанбе тестро метавон дар озмоишгоҳҳои “Диамед” супурд.

Киҳо аз Тоҷикистон ба Русия парвоз карда метавонанд?

Барои вуруд ба қаламрави Русия шахсони зерин ҳуқуқ доранд:

– шаҳрвандони Русия;

– шахсоне, ки Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия доранд;

– иштирокчиёни Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон;

– ҳамсарон, волидон ва фарзандони шаҳрвандони Русия.

Алҳол шахсони зерин ба Русия парвоз карда наметавонанд:

– шахсоне, ки шаҳрванди Русия нестанд;

– дорандагони Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП);

– шахсоне, ки қаблан ба қонуншиканӣ дар Русия даст задаанд.

Барои билет гирифтан ба парвоз шаҳрвандон бояд худро дар Портали ягонаи хизматгузории давлатӣ ба қайд гузоранд. Дастурамали чӣ гуна ин амалро анҷом додан дар сомонаи сафорати Русия қобили дарёфт аст.

Шакли махсуси электронии сабти пешакиро ба парвозҳо ба Русия пур кардан лозим аст. Бақайдгирӣ дарҳол пас аз мувофиқаи парвози нави баровардани шаҳрвандон аз ҷониби Ситоди фаврии Русия боз мешавад.

Талабот ба парвозҳои баргардонидани шаҳрвандон ба ватан хеле зиёд аст, аз ин рӯ, билетҳо хеле зуд пешакӣ харида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.