Осияи оташзадаву 7 ҷарроҳиро пасисаркарда ба мактаб рафт

Осияи Шерзод, ки баъди аз ҷониби наврасон оташ заданаш, 7 ҷарроҳиро паси сар намуд, имсол ба синфи якуми мактаб қадам ниҳод. “Ӯ бозӣ карда, мехонад ва бо хушнудӣ ба мактаб меравад. Худоро шукр, ҳолати вазнинаш паси сар шуд”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” Шерзод Зулфонов, падари Осия. Ба гуфтаи падари Осия, духтараш худро хуб ҳис […]

Осияи Шерзод, ки баъди аз ҷониби наврасон оташ заданаш, 7 ҷарроҳиро паси сар намуд, имсол ба синфи якуми мактаб қадам ниҳод.

“Ӯ бозӣ карда, мехонад ва бо хушнудӣ ба мактаб меравад. Худоро шукр, ҳолати вазнинаш паси сар шуд”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” Шерзод Зулфонов, падари Осия.

Ба гуфтаи падари Осия, духтараш худро хуб ҳис намуда, ба захмҳои худ аллакай одат кардааст.

“Аз ҳама муҳимтаринаш барои мо солимии Осия аст. Ҳар рӯз пеш аз мактаб рафтан мо ба захмҳои ӯ равған ва малҳамҳои махсус мемолем. Шояд ӯ ба захмҳо то андозае одат кардааст, ки дигар ба онҳо аҳаммият намедиҳад”, – илова кард ӯ.

Шерзод Зулфонов қайд кард, ки солимии духтараш барқарор шуда истодааст ва ӯ дигар аз одамон ҳарос надорад.

“Пас аз ҳодисаи оташзаниаш Осия аз одамон метарсидагӣ шуд. Акнун фақат аз дар торикӣ танҳо будан ва шабона аз хона берун баромадан ҳарос дорад, зеро то ҳол он тарсу ваҳмро дар хотир дорад”, – мегӯяд Шерзод Зулфонов.

Шерзод Зулфонов ҳамчунин зикр кард, ки духтарашро ҷарроҳии пластикӣ дар пеш аст ва изҳори умедворӣ намуд, ки баъди он Осия ба ҳаёти пештарааш бармегардад.

“Барои ҷарроҳии пластикӣ пул лозим аст. Умедворем, ки табибони тоҷик кумак карда, Осияро ҷарроҳӣ мекунанд. Зеро ҳозир бо сабаби баста будани сарҳадҳо мо ӯро барои ҷарроҳӣ ба дигар кишвар бурда наметавонем”, – гуфт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-июни соли 2019 3 наврас Осияи Шерзодро, ки дар назди манзили истиқоматиаш бозӣ мекард, оташ заданд. Дар натиҷа 65%-и бадани духтар сӯхта буд. Раисҷумҳур низ аз ин ҳодиса воқиф шуда, ба вазири тандурустӣ супориш дод, ки табобати Осияро таҳти назорати шахсӣ қарор диҳад.

Гунаҳкори асосӣ – навраси 13-соларо ноқисулақл дониста, ба Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон ҷойгир карданд.

Аҳли хонаводаи Осия аз волидони наврасони оташзан пардохти ҷуброн талаб карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.